Акнун 30-солаҳо низ метавонанд раисҷумҳури Тоҷикистон шаванд

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкВыборная корзина, архивное фото
Выборная корзина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси Тоҷикистон синну соли номзадӣ ба раёсати ҷумҳурро дар Тоҷикистон аз нав муайян кард

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон синни номзадӣ барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Олиро коҳиш дод.

Имрӯз Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Қонуни интихоботи раисҷумҳури Тоҷикистон ва Қонуни интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ислоҳ кард.

Бар асоси ин ислоҳот, синни номзадӣ барои раёсати ҷумҳурӣ ва намояндагӣ дар Маҷлис коҳиш ёфта ва аз ин пас шаҳрвандоне, ки солашон ба 30 расидааст, метавонад ба симати раисҷумҳури Тоҷикистон ва намоянда дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шавад.

Ин ислоҳот аз тағйирот ба Қонуни асосии ҶТ бар меоянд, ки дар ҳамапурсии 22 майи соли 2016 пазируфта шуда буданд. Он замон синни номзадӣ ба раёсати ҷумҳурӣ ва намояндагӣ то 30 сол коҳиш дода шуда буд.

Мувофиқи як ислоҳи дигари ба Қонуни интихоботи раисҷумҳур, номзадеро, ки расман сабти ном шуда бошад, бе иҷозати Комиссияи марказии интихобот наметавон боздошт кард.

Ҳамчунин мувофиқи меъёрҳои нав, ки имрӯз қабул шуданд, давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ва ё шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд интихоботи президентиро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.

Мувофиқи ислоҳоти воридшгуда ба Қонун "Дар бораи интихобот ба парлумон" вакилони Маҷлиси намояндагон бояд панҷ соли охир дар ҳудуди Тоҷикистон буду бош догшта бошанд. Барои намзадҳо ба Маҷлиси Олии ҶТ ин меъёр 7 солро ташкил медиҳад.

Афзун бар ин номзадҳоие, ки мехоҳанд ба маҷлиси Тоҷикистон интихоб шаванд, мувофиқи ислоҳоти нав 10 рӯз пеш аз интихобот метавонанд эълон кунанд, ки аз номзадӣ ба маҷлис даст мекашанд, пештар ин муҳлат 7 рӯзро ташкил медод.

Лентаи хабарҳо
0