Раҳимзода: порсол дар Тоҷикистон беш аз 22 ҳазор табаҳкорӣ рух додааст

© Пресс-служба президента РТМинистр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото
Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соли 2017 дар Тоҷикистон 108 маврид куштор, 42 маврид роҳзанӣ, 159 маврид ғоратгарӣ, 53 маврид таҷовуз ба номус, беш аз 5 ҳазор маврид дуздӣ ва беш аз 2 ҳазор маврид фиребгариву қаллобӣ сабт шудааст

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Ин рақамҳоро вазири умури дохилии Тоҷикистон сипаҳбад Рамазон РАҳимзода имрӯз дар нишасти хабарӣ эълом кард.

“Дар соли гузашта 108 маврид куштор, 42 маврид роҳзанӣ, 159 маврид ғоратгарӣ, 53 маврид таҷовуз ба номус, беш аз 5 ҳазор маврид дуздӣ ва беш аз 2 ҳазор маврид фиребгариву қаллобӣ сабт шудааст. Ин омор бештар аз соли 2016 аст”, — гузориш дод вазир.

Вай ҳамчунин афзуд, ки кормандони нерӯҳои интизомӣ соли 2017 беш аз 2,7 тонна маводи мухаддирро аз гардиши ғайриқонунӣ хориҷ кардаанд.

Чанде пеш вазири маорифу илми Тоҷикистон Нуриддин Саид гузориш дода буд, ки дар 11 моҳи соли 2017 кӯдакону навҷавонон дар Тоҷикистон беш аз 600 ҷурму қонуншиканӣ содир кардаанд, ки ин рақам 15 дарсад камтар аз шумори ҷурму қонуншиканиҳоест, ки дар 11 моҳи соли 2016 сабт шудаанд.

Вазири омӯзишу улум афзуд, ки кӯдакону навҷавонҳо дар ноҳияҳои тобеъи марказ порсол 181 ҷурму қонуншиканӣ содир кардаанд, ки 43,7 дарсад бештар аз соли 2016 аст.

“Дар кулл, базаҳкории навҷавонон дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе рӯ ба коҳиш оварда, вале дар ноҳияҳои таобеъи ҷумҳурӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст”, — гуфта буд Саид.

Вазири маорифу илми Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки дар чорчӯби иҷрои Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон 15 624 маврид қонуншиканӣ сабт шуда, ки аз он 10 035 маврид ҷарима баста шуда ва 1,3 милюн сомонӣ ҷарима ситонда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0