Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон додситонҳоро ҷо ба ҷо кард

© Пресс-служба президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз чанде аз масъулин бо қарорҳои раисҷумҳури Тоҷикистон аз симаташон барканор ва ба вазифаи дигар таъин шуданд

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар  чанде аз ниҳодҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард. Дар ин бора дар дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон Қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистонро мунташир кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки дар мақомоти Додгоҳи конститутсионӣ, Додгоҳи Олӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, вазоратҳои мудофиа, маориф ва илм, Хадамоти гумрук, Кумитаҳои сохтмон ва меъморӣ, ҳифзи муҳити зист ва Агентии авиатсияи гражданӣ ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин ва пешниҳод гардиданд, ба ҳузур пазируфтааст.

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди раисҷумҳур "дар бораи аз вазифаи судяи Додгоҳи Олии Тоҷикистон бозхонд ва ба вазифаи судяи Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон интихоб намудани Абдураҳимзода Дилором Рустам", "дар бораи ба вазифаи судяи Додгоҳи Олии Тоҷикистон интихоб намудани Ализода Набӣ Искандар ва Абдулҳақов Маҳмадалӣ", дар асоси банди 2 моддаи 56 Конститутсияи Тоҷикистон "дар бораи аз вазифаи судяи Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон бозхонд намудани Исматзода Раҳмат бинобар сабаби вафоташ" ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Бо фармонҳои раисҷумҳур, Қудратзода Саидҷон бо сабаби вафоташ аз вазифаи раиси додгоҳи ноҳияи Файзобод ва Табаров Хайрулло аз вазифаи раиси додгоҳи ҳарбии гарнизони Хоруғ бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шуданд.

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешниҳоди раисҷумҳур дар бораи раиси палатаи ҳисоби Тоҷикистон таъин намудани Чиллазода Қарахон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Саидзода Бобоҷон Абдуқодир бо Фармони Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаи Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳ  озод гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини Вазири мудофиаи Тоҷикистон таьин карда шуд.

Бо Фармонҳои раисҷумҳур раисони шаҳрҳои Исфара, Бӯстон ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, шаҳри Турсунзода, ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон аз ҳисоби кадрҳои кордону соҳибтаҷриба таьин гардиданд.

Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, ки то ин вақт дар вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд кор мекард, минбаъд дар вазифаи муовини якуми раиси вилояти Хатлон адои вазифа менамояд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати  Тоҷикистон Турсунзода Ҳайдар муовини якум, Шерализода Хуршед ва Ҳурматзода Иззатулло муовинони Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таьин шуданд.

Субҳонзода Икром Субҳон Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Набизода Азиз муовини директори Агентии мазкур таьин гардиданд.

Ҳамчунин, бо Қарорҳои ҳукумати мамлакат Сатторӣ Баҳром Бобоқул Директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна таъин шуда, Айхон Шарифова аз вазифаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Окимбекова Зӯҳро аз вазифаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромаданашон озод карда шуданд.

Раҳматуллозода Шаҳноз- муовини раиси кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва Назарзода Заррина муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таьин гардиданд.

Зимни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар як хизматчии давлатӣ, ки собиқаи корӣ ва малакаи зарурии роҳбариро соҳиб гаштаанд, садоқат ба халқу Ватан ва дасту дили пок ба дӯш гирифтани заҳмати шабонарӯзӣ барои пешрафти кишвари азизро талаб намуда, баҳри иҷрои рисолати сарварӣ дар асоси боварии мардум ва кишвардор барору комёбӣ орзу кардааст.

Лентаи хабарҳо
0