Шералӣ Абдулқайсов намоиши "Обу оташ"-ро ба саҳна гузошт

Обуна шудан
Шоми ҳафтуми феврал дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нахустнамоиши "Обу оташ" пешкаши ҳаводорони театр гардид

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Намоишро коргардон ва ҳунарпеша Шералӣ Абдулқайс рӯи саҳна овардааст.

Дар он Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Носир Ҳасанов, Ортиқ Қодиров, Муҳаммадҷон Шодиев ва ҳунарпешаҳои маъруф аз ҷумла Сония Наврӯзова, Салоҳиддин Шукуров нақш офаридаанд.

Намоиш аз рӯи асари ҳамноми нависанда Мансур Суруш таҳия гардида, дар бораи зарурати ҳамзистии осоишта дар ҷомеаи демократии дунявӣ қисса мекунад ва таъкид месозад, ки дар ҷомеаи солим набояд ба хурофот, аз ҷумла хурофоти динӣ ҷой бошад.

Муҳтавои намоиш ба даст овардани сулҳу суботу ҳамдигарфаҳмӣ бо роҳи музокирот ва гуфтугӯи тамаддунҳоро мебошад.

Лентаи хабарҳо
0