Пас аз баҳс: Тоҷикистону Қирғизистон дар марз пул месозанд

© Sputnik Табылды КадырбековКыргызский пограничник, архивное фото
Кыргызский пограничник, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз баҳс дар марз ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон тасими гирифтанд, дар деҳаи Садаи ноҳияи Лайлак пули нав созанд

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Тоҷикистону Қирғизистон дар мавзеи баҳсноки вилояти Ботканд ба ҷои контейнер, ки то ин васитаи ягона барои аз канал гузаштан буд, пул месозанд.

Дар ин бора сухангӯи ҳукумати вилояти Ботканд Чолпон Бердиқулоҷв хабар додааст. 

"Пас аз номуътадил гаштани авзоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ҳукумати ду кишвар дар бораи бунёди пул дар канали Гулакандози вилояти Ботканд ба мувофиқа расиданд",-гуфтааст ӯ.

Таджикско-кыргызская граница. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳал шуд: Тоҷикистон марз бо Қирғизистонро боз кард

Ба гузориши расонаҳои қирғизӣ мардуми маҳаллӣ барои гузаштан аз канал контейнере сохтаанд, ки роҳи мактаббачагонро барои то мактаб расидан бисёр дур мекунад.

Акнун ба ҷои контейнер ин ҷо пули нав бунёд мешавад, ки кори мактаббачагонро осон хоҳад кард.

Ёдоварӣ мешавем, ки рӯзи 8 феврал ҷониби Тоҷикистон яктарафа марз бо Қирғизистонро баста, рафтуои мардум нақлиёт ва боркашониро муваққатан мамнуъ карда буд.

Дар натиҷаи музокироти ҳукумати ду кишвар марз боз шуду рафту омади мардум иҷоза дода шуд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон  970 км марз доранд, ки аз он 451 километраш то ҳол баҳснок мемонад. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуровӣ ду кишвар натавонистанд муайян кунанд, ки 70 минтақа ба кадоме аз ҷумҳуриҳо тааллуқ дорад.

Дар тӯли 25 сол ин ду кишвар ҳуҷҷатеро дар бораи сарҳад ба имзо нарасидаанд. Солҳои охир дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон якчанд задухӯрдҳои мусаллаҳ рух доданд, ки сабаби асосии он маълум набудани хати сарҳуд будааст. Масъалаи нишонагузории сарҳад яке аз мавзӯъҳои асосии мулоқоти раисҷумҳури ду кишвар, ҳангоми сафари Сооронбой Жээнбеков ба Тоҷикистон будааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала