Раисҷумҳур сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноиро таъин кард

© © Sputnik / Алексей ДружининПортфель с документами
Портфель с документами - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Полковник Кутлимуродов Илҳом Мадиёрович сардори Раёсаи ҷустуҷуи ҷиноӣ таъйин шудааст

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik.  Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати умури дохилии кишварро таъйин кард.

Дар ин бора нашриёти Uznews хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки полковник Кутлимуродов Илҳом Мадиёрович сардори Раёсаи ҷустуҷуи ҷиноии Вазорати корҳои дохилаи Узбакистон  таъйин шуд.

То ин дам, оғоз аз моҳи сентябри соли 2017 Илҳом Култимуродов ба ҳайси муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноӣ кор мекард.

Моҳи августи соли 2016 полковник бо медали "Ҷасорат" қадрдонӣ шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки раиси пешини Хадамоти амнияти миллии Узбакистон Рустам Иноятов мушовири раисҷумҳур ва узви Сенати Маҷлиси Олӣ интихоб гардид.

Ба ҷойи вай, додситони кулли пешин Ихтиёт Абдуллоев таъин гаштааст.
Ҷойи Ихтиёр Абдуллоевро дар додситонӣ мушовири масоили сиёсиву ҳуқуқии раисҷумҳур Отабек Муродов гирифтааст ва ба ҷойи Отабек Муродов Рустам Иноятов рафтааст.

Лентаи хабарҳо
0