Бонки миллӣ: “Ардо-капитал” – созмони нави эътиборӣ иҷозатнома дарёфт кард

© SputnikНациональный банк Таджикистана, архивное фото
Национальный банк Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон боз ба як созмони нави эътиборӣ иҷозатнома дод

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон ба созмони эътибории “Ардо-капитал” барои анҷоми амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва арзи хориҷӣ иҷозатнома дод.

Ба иттилоъи равобити умумии БМТ, ширкати саҳомии “Ардо-капитал” барои анҷоми амалиёти бонкӣ, аз қабили ҷалби амонат ва пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, додани эътибори хурд, кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ бо супориши муштариён муҷаввиз дарёфт кардааст.

Рухулло Хакимзода на пресс-конференции Амонатбанка - Sputnik Тоҷикистон
Раиси "Амонатбонк" гуфт, бонк то соли 2019 пурра аз қарз халос мешавад

Ин созмон ҳамчунин барои анҷоми қарордоҳои форвардӣ ва СВОП барои худ, амалиёти кассавӣ, амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва мубодилавӣ, судури кортҳои пардохтии бонкӣ ва амалиёт бо онҳо иҷоза дарёфт кардааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш Бонки миллии Тоҷикистон ду созмони хурдасармоягузориро аз вом додан ба шаҳрвандон боз доронда буд.

Бар асоси қарорҳои №№143 ва 144 аз 30 октябри соли 2017 иҷозаномаҳои ширкатҳои хурдасармоягузории "Дурнамои деҳоти Рӯдакӣ" ва "Фермер", ки Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷоми амалиёти бонкӣ додааст, бозхонд карда шуданд. Ин ширкатҳо пас аз ин барҳам дода шуданд.

Лентаи хабарҳо
0