Дар Тоҷикистон савдои одамонро пешгирӣ мекунанд

© Sputnik / Стас ЭтвешЗавязаные руки, архивное фото
Завязаные руки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе ба хотири пешгирии савдои одамон мизи гирд баргузор шудааст

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 9 феврал бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши  Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштараки нуҳҷониба бо вазорату идораҳои дахлдор дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи "Пешгирии муқовимат ба савдои одамон — таъмини ҳаёти осоишта"баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила ва оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои мухталифи ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намудаанд.

Зинми суханронии хеш муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳмадзода Дилноза гуфтааст, ки "масъалаи марбут ба савдои одамон дар шароити имрўза таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад, зеро он ҳамчун зуҳуроти манфӣ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи инсонӣ зарари ҷуброннопазир мерасонад. Аз ин рў қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кўмак ба қурбониёни савдои одамон"  кўшишест баҳри амалӣ намудани чунин зарурият".

Дар охири чорабинии мазкур байни масъулин ва иштирокчиён саволу ҷавоб доир карда шудааст. 

 

Лентаи хабарҳо
0