Русия қоидаҳои сабти номи муҳоҷиронро ташдид мекунад

Обуна шудан
НовостиTelegram
Шаҳрвандони хориҷӣ аз ин пас бояд дар маҳалли иқомати воқеъияшон сабти ном шаванд

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Думаи кишварӣ – Маҷлиси қонунгузори Русия – дар назар дорад, ки қоидаҳои сабти номи муҳоҷиронро ташдид кунад, гузориш медиҳад рӯзномаи “Известия”.

Очередь желающих переселиться в Россию из Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Русия дигар шаҳрвандони Тоҷикистонро барои муҳоҷират номнавис намекунад

Дар назар гирифта шуда, ки шаҳрвандони бегона бояд дар маҳалли иқомати воқеъияшон номнавис шаванд. Нишонии корфармо дар сурате лозим хоҳад шуд, ки муҳоҷир дар маҳалли кораш иқомат ҳам кунад.

Ҳамчунин дар назар аст муқаррароте ҷорӣ шавад, ки бар пояи он  шаҳрвандон хоҳанд тавонист сабти номи муҳоҷирон дар манзилҳои худро яктарафа лағв кунанд, агар тамос бо ӯ гум шуда бошад ва ё қарордоди корӣ бо муҳоҷир ба поён расида ва ё бекор карда шуда бошад.

Яке аз пешниҳодкунандагони ин тағйирот дар қонунгузорӣ ба “Известия” гуфтааст, ки манзур аз ин ислоҳот дарёфти иттилоъоти дақиқ аз маҳалли будубоши муҳоҷирон аст.

“Аз ин рӯ, дар ин пешнависи қонун дар назар гирифта шуда, ки дар сурати бекор шудани қарордоди корӣ бо шаҳрвандони бегона иҷорадиҳандаҳо ва ё корфармоҳо битавонанд сабти иқомати онҳоро дар маҳалли зисту корашон лағв кунанд”, — гуфтааст Илдор Ҳилмуддинов.

Лентаи хабарҳо
0