Беҳрӯз Хоҷазода дар радабандии бартарин самбокорони ҷаҳон дувум шуд

© Фото : Международная федерация самбо (ФИАС)Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото
Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯз Хоҷазода дар навтарин радабандии бартарин самбокорони ҷаҳон дувум шуд

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Дар навтарин радабандии Федеросюни байналмилалии самбо (FIAS) ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯз Хоҷазода дар радаи дувум ҷой гирифт.

Ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯз Хоҷазода - Sputnik Тоҷикистон
Қаҳрамони ҷаҳон Беҳрӯз Хоҷазода варзишкори сол эълом шуд

Радабандии бартарин самбокорони ҷаҳон пас аз рақобатҳои варзишкорон дар мусобиқаҳои байналмилалии FIAS таҳия шудааст.

Федеросюни байналмилалии самбо дар ин радабандӣ, ки барои нахустин бор таҳия кардааст, беш аз 90 самбокорро дар 9 вазн ҷадвалбандӣ кардааст. Ин радабандӣ аз ин пас ҳам рӯзомад карда хоҳад шуд ва дар оянда имкон хоҳад дод, ки кишварҳо аз рӯи он самбокоронро барои дастаҳои мунтахабашон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ интихоб кунанд.

Дар ин радабандӣ самбокорони тоҷик низ ҷой дода шудаанд. Чунончи, ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯз Хоҷазода, қаҳрамони самбои ҷаҳон дар соли 2017, дар вазни 74 килуграм бо 1700 имтиёз дувум шуд.

Дар ин вазн самбокори белорусӣ Степан Попов бо 1800 имтиёз болонишин шудааст. Панҷумин ҷой аз ин радаро Мубориз Мунавваров бо 1120 имтиёз ва 16-умин радаро дар ҳамин вазн Ҳамроз Раҷабов бо 550 имтиёз гирифтаанд.

Дар вазни 52 килуграм паҳлавон Ҳасан Ҷомӣ бо 940 имтиёз шашум ва Хуршед Шоимов бо 80 имтиёз 48-ум шудаанд.

Дар вазни 57 килуграм паҳлавон Акмалиддин Каримов бо 2100 имтиёз садрнишин шуда ва Акмал Давлатов ва Суҳроб Исматов ҳар кадоме бо 40 имтиёз 93-ум шудаанд.

Дар вазни 62 килуграм беҳтарин самбокори тоҷик Нозим Охиров шинохта шуда, ки бо 600 имтиёз 10-ум ҷойро гирифтааст. Сорбон Латифов бо 380 имтиёз дар ин вазн 25-ум шудааст. Дар вазни 68 килуграм яке аз беҳтарин самбокорони Тоҷикистон – Хушқадам Хусравов бо 200 имтиёз 44-ум ҷойро гирифтааст.

Дар вазни 82 килуграм аз Тоҷикистон Зафар Олимшоев бо 1184 имтиёз дар панҷум рада ҷой гирифтааст. Дар вазни 90 килуграм Умед Ҳасанбеков юо 900 имтиёз дар 6-ум рада ва дар вазни 100 килуграм Шамшод Абдуллоев бо 285 имтиёз 26-ум радаро дорад.

Паҳлавон Набимуҳаммад Хоркашев дар миёни самбокорони сангинвазн (+100 килуграм) бо 600 имтиёз 9-ум ҷойро гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0