Раисҷумҳур автобусҳои навро санҷиду корхонаро ба кор андохт

Обуна шудан
Масъулони корхона нақша доранд, ки дар Тоҷикистон тавлиди 5 намуд автобусҳои шаҳрӣ ва буруншаҳрии созгор бо стандартҳои байналмилалиро ба роҳ монанд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо фаъолияти Корхонаи муштараки "AKIA AVESTO", ки бори аввал дар кишвар бандубасти автобусҳои тамғаи "AKIA"-ро ба роҳ мондааст, ошно шуданд.

Дар ин ҷо ба раисҷумҳур лоиҳаи "Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе" муаррифӣ карда шуд.

Гуфта мешавад, ки низоми мазкур бо мақсади содагардонии раванди пардохти роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум роҳандозӣ гардида, амалӣ намудани он як қатор бартарият, аз қабили зиёдшавии даромади корхонаҳои мусофиркашонӣ, ба иқтисодиёти расмӣ фаро гирифтани ҳамаи маблағҳои гардиш, ҳалли баҳсҳо оид ба бозпасгирии бақияпулиҳо, назорати мунтазами гардиши молиявӣ, назорати рафтуомади воситаҳои нақлиёти мусофирбар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, танзим ва назорати реҷаи гардиши воситаҳои нақлиётро дорад.

Эмомали Рахмон выступает перед жителями Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон аз сифати таълиму тарбия дар мактабҳои Душанбе қаноатманд нест

Иттилоъ дода шудааст, ки бо мақсади навсозии парки техникии шаҳри Душанбе барои харидории 100 автобуси тамғаи "AKIA" бо дарназардошти бандубасти он дар ҳудуди Тоҷикистон байни Мақомоти шаҳри Душанбе ва ширкати туркӣ, ки таҳти бренди "AKIA" фаъолият дорад, шартнома ба имзо расонида шудааст.

Дар асоси нақшаи амалкунанда, аз ҷумла ҷиҳати интиқоли автобусҳо ба  Тоҷикистон корҳо идома дошта, айни замон 13 автобус ворид гардид ва то имрӯз бандубасти 10 адади он ба итмом расидааст.

Шумораи коргарони корхонаи бандубаст дар айни замон 40 нафарро ташкил менамояд, ки ҳамаи онҳо мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.

Дар оянда масъулони Корхонаи муштарак нақша доранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли 5 намуд автобусҳои дохилишаҳрӣ ва беруназшаҳриро бо дарназардошти мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монанд.

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанВ Душанбе представлены новые автобусы, архивное фото
В Душанбе представлены новые автобусы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
В Душанбе представлены новые автобусы, архивное фото

 

Барои амалӣ намудани ин иқдом ҳамин рӯз раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии заводи истеҳсоли автобусҳо оғози расмӣ бахшид.

Тибқи иттилои масъулон баробари ба фаъолият оғоз намудани корхонаи нав иқтидори истеҳсоли автобусҳо дар як сол аз 250 то 300 ададро ташкил дода, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд.

Корхонаи мазкур дар муҳлати 1 сол сохта мешавад.

Таъкид шудааст, ки қисмҳои асосии автобусҳои бандубаст ва истеҳсолшаванда тавлиди кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, муҳаррики он истеҳсоли Ширкати "Мерседес Бенз" мебошад, ки дар миқёси ҷаҳон солҳои зиёд шуҳрати беандоза дорад.

Лентаи хабарҳо
0