Ожонс: Вазорати маориф ва илм фасодзадатарин ниҳоди Тоҷикистон аст

© SputnikНуриддин Саидзода
Нуриддин Саидзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, мувофиқи ҳисоботи ожонс аз соли 2017 фасодзадатарин ниҳоди Тоҷикистон Вазорати маориф ва илм аст

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Кормандони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар соли 2017 даст ба 70 ҷинояти ришваситонӣ задаанд, ки онро Ожонси мубориза бо фасод ошкор кардааст.

Дар рафти нишасти матбуотӣ, роҳбарияти ожонс ба рӯзноманигорон хабар доданд, ки пас аз вазорати маориф,  кормандони Вазорати тандурустии Тоҷикистон даст ба 60 ҷинояти ришваситонӣ задаанд, 57 ҷиноят —Вазорати умури дохила, ва 26 ҷиноят — Кумитаи амнияти миллӣ.

Муовини аввали раиси ожонси мубориза бо фасод Абдукарим Зарифзода ҳамчунин қайд кардааст, ки расман ниҳод ягон муаллимеро ҳангоми ситонидани пора дастгир накардааст.

Наручники на двери клети - Sputnik Тоҷикистон
Ожонси мубориза бо фасод: милиса аз шаҳрванд пора гирифт

"Ба ҳисоботи мо танҳо 70 ҳолате ворид шуданд, ки онро намояндагони Вазорати маориф дар қисми илованависӣ ҳангоми сохтмон, додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар бораи таҳсил, сохтакории ҳуҷҷатҳо содир карда буданд",- мегӯяд вай.

Ин дар ҳолест, ки Ожонси мубориза бо фасод дар бораи даст ба ришваситонӣ задани кормандони худи ожонс маълумоте надод, ки дар соли гузашта хабари пурсарусодае гашта буд.

Ҳатто коршиносон низ бар онанд, ки дар соли 2017 аз ҳама ҳодисаи пурсарусадо ришваситонӣ дар Тоҷикистон боздошти 10 корманди Ожонси мубориза бо фасод бо ҷурми порагирӣ буд.

Лентаи хабарҳо
0