Вазифаҳои нав дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ

© Sputnik / Сергей СубботинПортфели, архивное фото
Портфели, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тошканд вазифаҳои нав, аз ҷумла муовини сардор оид ба ҷавонон ва мушовири сардори Раёсат пайдо шуданд

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тошканд вазифаи нав, муовини сардор оид ба ҷавонон пайдо мешавад, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Кори ин муовин ташкили хуби фаъолияти кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар самти пешгирии қонуншиканӣ миёни ҷавонон ва наврасон мебошад.

Вазифаи дигаре мушовири сардори Раёсат аст. Кори ин мушовир истифодаи пурраи таҷрибаи кормандони собиқадори Вазорати корҳои дохилӣ мебошад.

Пештар раҳбари пешини КҲФ Узбакистон Рустам Ҷураев ба вазифаи нав сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тошканд таъйин шуд.

Рустам Ҷураев аз моҳи марти соли 2017 то ин дам раҳбари Раёсати ВКД вилояти Хоразм буд.

Ба иттилоъи расонаҳо сардори пешини Раёсати ВКД Тошканд Баҳодур Қурбонов бо қарори Шавкат Мирзиёев муовини вазири дифоъи Узбакистон таъйин шудааст.

Лентаи хабарҳо
0