Заминларзае ба шиддати 4 дараҷа Тоҷикистонро такон дод

Обуна шудан
Имрӯз бомдод дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шимолтар аз кӯли Қарокӯл дар ноҳияи Мурғоб, заминларза рух дод

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Ба гузориши Пажӯҳишгоҳи ларзашиносии Фарҳангистони улуми Қирғизистон, имрӯз бомдод, соати 04.30 дар Тоҷикистон заминларза рух дод.

Шиддати ин заминларза дар конунаш, ки шимолтар аз кӯли Қарокӯл ҷой дошта, 4 дараҷа буд.

Ба гузориши Пажӯҳишгоҳи ларзашиносии Фарҳангистони улуми Қирғизистон, конуни заминларза дар қаламрави Тоҷикистон ва 25 километр ҷанубу шарқтар аз рустои қирғизии Бӯртеппа ҷой дошт.

Дар ин русто шиддати заминларза 3 дараҷа будааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки 12 феврал низ дар ҳамин минтақа заминларзае ба шиддати 3,5 дараҷа рух дода буд.

Аз хисорот дар паи ин заминларзаҳо дар Тоҷикистон ва Қирғизистон гузорише дода нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0