Зан агар оташ намешуд: 1400 зани истаравшанӣ мақоми роҳбарӣ доранд

© Sputnik / Стас ЭтвешПодпись документов, архивное фото
Подпись документов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Занони роҳбар дар Истаравшан дар сатҳи муовини раиси шаҳр, сардорони раёсат, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ғайра фаъолият доранд

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар шаҳри Истаравшан шумораи занони роҳбар камубеш аз 1400 нафар будааст. Дар ин бара дафтари матбуотии Ҳукумати шаҳри Истаравшан хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, чанде пеш дар Истаравшан маҷлиси ҷамбастии фаъолияти шуъбаи кор бо занон ва оила дар соли 2017 баргузор гардид, ки дар он аз шумораи занони роҳбар низ хабар дода шуд.

Дар ҷаласаи мазкур намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, роҳбарони мақомотиҳои ҳифзи ҳуқуқ, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, занони собиқадор, фаъолзанон, раисони Шӯрои занони кумитаи маҳаллаҳо, ҷамоатҳои деҳот, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, бонувони ҳунарманд, ҳуқуқшиносон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, соҳибкорзанон ва намояндагони расонаҳо иштирок намуданд.

Бино бар иттилои мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Истаравшан Фирӯза Мӯъминова дар шаҳр шумораи занони роҳбар то рафт зиёд мешавад.

"Дар шаҳри Истаравшан 1388 нафар занону духтарон дар мақомотҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла дар сатҳи муовини раиси шаҳр, сардорони раёсат, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ғайра фаъолияти пурсамар доранд",- таъкид дошт, мудири шӯъба.

Таджикский модельер Хуршед Сатторов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хуршед Сатторов: занони тоҷик зебо ва ҳунарманд ҳастанд

Ёдрас мешавем, чанде пеш Кумита занон ва оилаи кишвар нишасти матбуотӣ доир карда буд.

Раиси кумита Идигул Қосимзода гуфт, дар соли 2017 бештари хушдоманҳои тоҷик ба кумита шикоят бурданд, ки келинҳояшон бисёр хоб мекунанд.

"Мо дар посух гуфтем, ки ин ҳамон занҳо фарзанду набераҳои шуморо дар батни худ мепарваранд. Бояд аз пайи саломатии онҳо шуд",- қайд кард, раиси кумита.

Лентаи хабарҳо
0