Раҳимзода ба намояндагони САҲА дар бораи ислоҳоти милитсия гуфт

© Пресс-служба президента РТМинистр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото
Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Қасри Хофбурги Австрия ҷаласаи навбатии Шўрои амниятии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор гардидааст

ДУШАНБЕ, 16 фев— Sputnik. Дар ин ҷаласа Рамазон Раҳимзода суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ҷараёни ислоҳоти милитсия ва дар ин раванд нисбати корҳои ба анҷом расонидашудаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин густариши муносибатҳо бо САҲА ошно намудааст, хабар медиҳад равобити умумии ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки маърузаи Раҳимзода аз ҷониби кишварҳои узви САҲА хуб пазируфта шудааст.

Намояндагони Словакия, Булғория, ШМА, Словения, Канада, Русия ва дигар кишварҳо ақидаҳои худро вобаста ба баромади вазир мусбӣ арзёбӣ намудаанд.

"Онҳо ташаббус ва кўшишҳои Ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати ислоҳоти милитсия дастгирӣ намуда, қаноатмандии худро доир ба амалигардонии ислоҳоти милитсия қайд карданд", —омадааст дар хабарнома.

Логотип ОБСЕ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
САҲА фаъолияташро дар Тоҷикистон маҳдуд мекунад

Ҳамчунин мулоқоти расмии Раҳимзода бо котиби Генералии САҲА Томас Гремингер, раиси Шўрои амнияти САҲА хонума Мария Виктория Гонсалес Роман, директори маркази САҲА оид ба пешгирии низоъ Марсел Пешко, директори Раёсати таҳдидҳои фаромилии САҲА хонума Раса Остраускайте ва Директори иҷроияи Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ Федотов Юрий Викторович баргузор гардидааст.

Дар ин дидорҳо масъалаҳои раванди ислоҳоти милитсия, пешгирии хатарҳои трансмиллӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва ғайра баррасӣ гардидаанд.

Намояндагони САҲА ва Созмони Миллали Муттаҳид қайд кардаанд, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун шарики боэътимод аст ва омода ҳастанд, ки ҳамаи иқдомҳои Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд, чунки он дар хати якуми муқовимат бар зидди ҷиноятҳои трансмиллӣ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала