Пирӯзии чоркарата: "Истиқлол" Ҷоми ФФТ-ро аз худ кард

© сайт ФК "Истиклол" в FacebookФК "Истиклол"
ФК Истиклол - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе бори чорум барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд

ДУШАНБЕ, 16 фев— Sputnik. Дастаи "Истиқлол" дар бозии ниҳоӣ, ки 15 феврал баргузор шуд, дастаи "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард, хабар медиҳад равобити умумии ФФТ хабар медиҳад.

Ҳамин тавр дастаи "Истиқлол" маротибаи чорум Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро соҳиб шуд.

Бозингарони дастаи "Панҷшер" барои ҷойи сеюм дастаи ССКА "Помир"-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Ҷоми ФФТ, ки аз соли 2012 барои бори ҳафтум доир гардид, мукофотонида шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки тими миллии футзали Тоҷикистон дар бозии охирони худ дар Ҷоми Осиё-2018, ки дар Тойпеи Чин баргузор мешавад, Кореяи Ҷанубиро бо натиҷаи 7:0 шикаст дод.

Лентаи хабарҳо
0