Кӣ сафири нави Узбакистон дар Тоҷикистон мешавад?

© SputnikМонумент Исмаила Самани, Душанбе
Монумент Исмаила Самани, Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири нав авоили моҳи март зимни сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба фаъолияти худ оғоз мекунад

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Муовини пешини нахуствазири Узбакистон Эргаш Шоисматов сафири нави Узбакистон дар Тоҷикистон мешавад, хабар медиҳад оҷончии Тоҷик.ТА бо такя ба доираҳои дипломатии Тоҷикистон.

Ба гуфти манбаъ, масъалаи таъйини сафири нав аз ҷониби ҳарду кишвар баррасӣ шудааст.

Сафири нав авоили моҳи март зимни сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба фаъолияти худ оғоз мекунад.

Глава МИД Таджикистана встретился с послом Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Узбакистон Тоҷикистонро тарк мекунад

Шоисматов сафири пешини Узбакистон Шоқосим Шоисломовро, ки 14 сол боз дар ин симат буд, иваз мекунад.

Сафири пешин, Шоисломов вазифаи нав гирифтаву дар дастгоҳи раисҷумҳури Узбакистон оид ба сиёсати хориҷӣ фаъолият хоҳад кард.

Эргаш Шоисматов соли 1951 таваллуд шудааст.

Вай фориғуттаҳсили Донишкадаи политехникии Тошканд мебошад. Аз соли 1996 то феврали 2001 Шоисматов вазири энержии Узбакистон будааст.

Солҳои 2001-2006 раиси ширкати ауксионии "Узбекэнерго" ва узви Шӯрои ИДМ.

Аз апрели соли 2006 то 13 июли 2010 муовини нахуствазири Узбакистон.

Аз моҳи феврали соли 2014 раиси Шӯрои профсоюзи коргарони соҳаи энержӣ.

Аз моҳи декабри соли 2016 вазифаи раиси Uztransgaz-ро бар уҳда доштааст.

Эргаш Шоисматов бо ордени "Меҳнат шуҳратӣ" қадрдонӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0