Тағйироти нав дар Додситонии кулл

© Sputnik / Дмитрий АстаховМужчина закрывает портфель, архивное фото
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо қарори раисҷумҳур дар сохтори Додситонии кулли Узбакистон тағйирот ворид шудааст

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев муовини нави додситонии кулли Узбакистонро таъйин кард, хабар медизад norma.uz.

Ҳамин тавр муовини нави додситони кулли Узбакистон Рустамбек Нозимбек Мансурбекович таъйин шудааст.

Дар баробари ин дар додситонии кулли Узбакистон 9 раёсати нав-Раёсати назорати риояи қонунгузорӣ дар бахши сӯзишворӣ ва энергетикӣ, Дафтари назоратӣ оид ба татбиқи қонунгузорӣ дар бахши молиявӣ ва бонк, Дафтари назорат барои риояи қонунгузорӣ дар соҳаи гумрук ва андоз, Дафтари назоратӣ оид ба татбиқи қонунгузорӣ дар соҳаи нақлиёт, сохтмон ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт, Дафтари назорат барои риояи қонунгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ, маориф ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ таъсис ёфтааст.

Ҳамчунин дар ин ниҳод Дафтар оид ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, Идораи назорати қарорҳои раисҷумҳур, Дафтар барои таъмини ваколати прокурор дар мурофиаи маъмурӣ в ғайра таъсис дода шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки додситони кулли Узбакистон ва Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард

Дар ин росто тафоҳумнома дар бораи кӯмаки ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ дар масоили таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, ва ҳамчунин ҳакории додситонии минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар дар Тошканд ба имзо расидааст.

Лентаи хабарҳо
0