Ширкати Беҳрӯз Хоҷазода ва Комроншоҳ дар сабқати бонуфузи Гранд Слам дар Олмон

© Фото : Международная федерация самбо (ФИАС)Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото
Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мусобиқаи мазкур аз 23 то 25 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор мешавад. Ҳайъати ҷудои Тоҷикистонро ҳамчунин Саидҷалол Саидов, Темур Раҳимов ва Ҷаҳонгир Маҷидов намояндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Беҳрӯз Хоҷазода-варзишкори номдори тоҷик Тоҷикистонро дар сабқати бонуфузи Гранд Слам дар Олмон намояндагӣ мекунад, хабар медиҳад вебгоҳи Федератсияи байналмилалии ҷудо.

Мусобиқаи мазкур аз 23 то 25 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор мешавад. Ҳайъати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикстон барои ширкат дар сабқати Гранд Слам ба Олмон сафар кардааст. 

Ба иттилои манбаъ, варзишкорони тоҷик дар ин мусобиқа дар чор вазн қувваозмоӣ хоҳанд кард.

"Беҳрӯз Хоҷазода, Асадулло Тоҳиров дар вазни —73 кг, Кароматулло Ҳакимов, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни —81 кг, Комроншоҳ Устопириён дар вазни —90 кг, Саидҷалол Саидов ва Темур Раҳимов дар вазни —100 килограмм муҳориба мекунанд", омадааст дар иттилои манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи Гранд Слам Дюсселдорф 500 варзишгар аз 71 кишвари дунё иштирок доранд.

Пештар ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯз Хоҷазода дар навтарин радабандии бартарин самбокорони ҷаҳон дувум шуда буд.
Федеросюни байналмилалии самбо дар ин радабандӣ, ки барои нахустин бор таҳия кардааст, беш аз 90 самбокорро дар 9 вазн ҷадвалбандӣ кардааст. Ин радабандӣ аз ин пас ҳам рӯзомад карда хоҳад шуд ва дар оянда имкон хоҳад дод, ки кишварҳо аз рӯи он самбокоронро барои дастаҳои мунтахабашон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ интихоб кунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала