Норвегия қисме аз ноҳияи Раштро чароғон кард

© Sputnik / Сергей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередач, архивное фото
Линии электропередач, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Рашт дар доираи тарҳи "Бехатариии энергетикӣ дар водии Рашт" бо мусоидати ҳукумати кишвар, САҲА ва пуштибони молиявии Норвегия чандин иншооти соҳаи барқ мавриди истифода қарор гирифтанд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ба гузориши равобити ууми вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар деҳаи Пингони ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт дар доираи ин лоиҳа хатти барқи 10-киловатта ба масофаи 3575 метр кашида шуд, ки ин имкон дод деҳа ба шабакаи ягонаи барқи мамлакат пайваст шавад.

Ҳамчунин дар ин деҳа як истгоҳи трансформатор бо тавоноии 100 киловолт-ампер ва хати 04 барқи дохили деҳа дар ҳудуди 1500 метр мавриди истифода қарор гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат мекунад: Лимити барқ пурра бардошта шуд

Маросими ифтитоҳи расмии иншооти анҷомёфтаи ин лоиҳа бо ширкати муовини раиси ноҳияи Рашт Муқими Олимҷон ва сафири Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон Туула Юрёля баргузор гардидааст.

Дар маросим муовини раиси ноҳияи Рашт гуфтааст, ки сол то сол бо шарофати дастгириҳои Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам гардидааст, ки шарикони рушд дар бозсозӣ ва шукуфоии Тоҷикистон саҳмгузор шаванд.

Аз ҷумла, бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти энергетикӣ деҳаи Пингон комилан бо барқ таъмин шуда, ҳамчунин мактаби деҳа ва фароғатгоҳ низ бо барқ фаро гирифта мешаванд.

Маблағи умумии корҳо зиёда аз 320 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

Сафири САҲА дар Тоҷикистон хонум Туула Юрёла гуфтааст, ки ҳоло дар Тоҷикистон вазъияти амнияти энергетикӣ дар фасли зимистон хеле беҳтар гардидааст ва маҳдудияте, ки дар истифодаи неруи барқ вуҷуд дошт, имсол дигар ҷорӣ нашуд.

"Тавре ба мо маълум аст, моҳи октябри соли гузашта, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ гуфтанд, ки нахустин бор дар замони истиқлолият дар фасли зимистон маҳдудият дар истифодаи барқ ҷорӣ нахоҳад гашт. Барои дастгирии рушди иқтисоди Тоҷикистон стратегияи миллиеро, ки ба истифодаи боигарии табиии кишвар – об нигаронида шудааст, таҳия намуд".

Ҳамчунин ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, дар асоси лоиҳаи "Бехатарии барқ дар водии Рашд" навсозии ду неругоҳи барқи обии хурди деҳаҳои Лангар ва Порвоғ низ ба роҳ монда шуд, ки иқтидори ин неругоҳҳо боло бурда шуда, бештар аз 300 хоҷагӣ дар ин деҳаҳо бо барқи худӣ таъмин шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0