Пирӯзии таърихӣ: мунтахаби хоккеи Русия соҳиби медали тиллои Олимпиада шуд

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкХоккей, архивное фото
Хоккей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мунтахаби Русия то ин дам боре ҳам дар Олимпиада мақоми аввалро нагирифта буд: соли 1992 мунтахаби ИҶШС медали тилло ба даст оварда буд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Бозигарони мунтахаби Русия оид ба хоккей дар даври овертайми сабқат ҳарифони худро аз Олмон мағлуб карда медали тиллои Олимпиадаи зимистонаи 2018-ро аз худ карданд.

Бозии бозигарони Руия ва Олмон рӯзи якшанбе баргузор шуду, мунтахаби Русия рақибони худро бо ҳисоби 4:3 мағлуб карда, қаҳрамони Олимпиада шуданд.

Голи Путин ва дигар лаҳзаҳои хотирмони хоккей дар Сочи

Мунтахаби Русия то ин дам боре ҳам дар Олимпиада мақоми аввалро нагирифта буд: соли 1992 мунтахаби ИҶШС медали тилло ба даст оварда буд. Барои мунтахаби Олмон ҳам ҷойи дуюм дар Олимпиада бори аввал аст.

Барои варзишкорони Русия ин медали дуюми тилло дар Олимпиадаи зимистонаи 2018 аст. Нахустин медалро дар риштаи рақс дар рӯи ях Алина Зигитова гирифт. Акнун мунтахаби Русия, ки дар Олимпиада таҳти парчами Олимпиада баромад мекунад, ду медали тилло, шаш медали нуқра ва нӯҳ медали биринҷӣ дорад.

Ёдоварӣ мекунем, ки Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ-2018, ки дар Куриё баргузор мешавад, ширкат намекунад.

Далели аслии ширкат накардани дастаи Тоҷикистон дар бозиҳои зимистона, нагирифтани холи лозима гуфта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0