Бо ашки сӯзон: Меҳрона саргузашташро дар озмуни "Ты супер" нақл кард

Обуна шудан
Намояндаи Тоҷикистон Меҳрона Ғайбулоеваи 17-сола ба тамошобинони шоу "Ту беҳтаринӣ" дар бораи зиндагиаш дар шаҳри Душанбе нақл кард

"Ман кӯдаки хушбахт будам, ростӣ",- мегӯяд Меҳрона бо табассум. Ва пас аз чанде аз чашмони зебои гулдухтари тоҷик ашк ҷорӣ мешавад.

"Модрарам рӯзноманигор ва падарам полковник буд", —нақл кард Меҳрона.

Мехрона Гайбуллоева после выступления на Ты супер! - Sputnik Тоҷикистон
Меҳрона Ғайбуллоева доварони озмуни "Ты супер"-ро тасхир кард

Меҳрона ҳамагӣ ду бор падарашро дар зиндагӣ дидаасту пас аз чанде хабари марги ӯро шунидааст. Дар синни 10-солагии Меҳрона модараш аз беории саратон ҷон бохтааст. Меҳрона ва хоҳараш бесарпаноҳ мондаанд.

"Барои ҳамаи чиз ташаккур-ман ҳамин суханонро ба ӯ мегуфтам. Мехостам ӯро бубинам", — изҳор дошт Меҳрона бо чашмони пур аз ашк.

Пас аз ин воқеъа, Меҳрона ва хоҳараш чанде дар кӯдакистон тарбия гирифтаанду холаашон онҳоро ба хонаи худ бурдааст. Дар хонаводаи холааш муносиботи духтарон бо холаашон хуб набудаасту, соли гузашта Меҳрона бо хоҳараш хонаи холаашонро тарк кардаанд ва дар ҳоли ҳозир дар манзили алоҳидае ба сар мебаранд.

"Ростӣ ман мехостам аз холаам узр пурсам. Ман хуб рафтор накардам.Чизе, ки холаам барои ману хоҳарам мекард барои фарзандони худ накардааст. Ӯ маро бисёр дӯст медорад. Ман медонам. Ва ман ҳам ӯро хеле дӯст медорам", — гуфт Меҳрона.

Ба гуфти Меҳрона дар кӯдакӣ ӯ орзу дошт мисли падараш низомӣ шавад, вале акнун мехоҳад овозхони касбӣ шавад.

Мехрона Гайбуллоева участница шоу Ты супер!, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистонро дар озмуни "Ту беҳтаринӣ!" Меҳрона намояндагӣ мекунад

Меҳрона аллакай аз даври аввали озмуни "Ту беҳтаринӣ" гузашт. Пеш аз ҳунарнамояш Меҳрона гуфта буд, ки агар Худо хоҳад ӯ албатта пирӯз мешавад.

Меҳрона ҳунарнамоиро ҳануз аз синфи як дар консертҳои мактабӣ шуруъ кардааст. Чанд сол пеш ҳатто бо репсарои машҳури тоҷик Master Ismail овозхонӣ кард ва фаҳмид, ки аслан аз саҳнаи бузург наметарсад, баръакс худро хеле озод эҳсос мекунад. Шуруъ аз он замон борҳо дар консертҳои шаҳрӣ ҳунарнамоӣ карда, соле пеш ҳатто дар озмуни сарояндагони ғайриҳирфаӣ — "Ориоке" барандаи ҷойи дувум шуд.

Озмуни байналмилалии овозхонии "Ту беҳтаринӣ!" ба кӯдакони боистеъдоде, ки бе нигоҳубин ва бе волидайн мондаанд, имкон медиҳад, аз худ хабар диҳанд ва саҳнаҳои бузургро тасхир кунанд. Дар мавсими дувуми озмун кӯдакону наврасон аз Русия, Белорус, Молдова, Эстония, Латвия, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Осетияи Ҷанубӣ ва Олмон ширкат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0