Суруди Карина Комил барои дастаи футболи "Истиқлол"

© © из личного архива Карины КомилИзвестная таджикская певица Карина Комил
Известная таджикская певица Карина Комил - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахустин бор суруд дар бори дастаи футболи “Истиқлол” дар консерти ахири овозхон, ки дар "Филармонияи давлатии Тоҷикистон", баргузор шуд садо дод. Акнун ин суруд дар тамоми сабқатҳои ин даста садо хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Сарояндаи машҳури тоҷик Карина Комил ахиран дар васфи қаҳрамони сабқати футболи Тоҷикистон, ДФ "Истиқлол" суруди тозае сабт намудааст. "Истиқлол" бизан гол!" — чунин ном дорад композитсияи мусиқии нави Карина, ки акнун дар васфи даста иҷро мешавад.

Нахустин хониши суруд дар бораи дастаи "Истиқлол" ҳангоми консерти ахири сароянда, ки дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон, дар пойтахти кишвар баргузор гардид, муаррифӣ шуд.

Акнун суруди нав дар бораи "Истиқлол" қабл аз ҳама бозиҳои хонагии даста дар тамоми сабқатҳо садо хоҳад дод.

Фатхулло Фатхуллоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Беҳтарин футболбози Тоҷикистон Фатҳуллоев ба дастаи “Истиқлол” баргашт

Аз рӯи гуфтаҳои худи Карина Комил, муваффақияти дастаи дӯстдоштаи худро пешгӯӣ карда буд, ки пасон тасмим гирифт то ин оҳангро сабт намояд.

"Суруд бо шарофати продюсери ман Руслани Умарзод тавлид шудааст. Маҳз ӯ мусиқӣ ва матни сурудро навишт. Мо ҳарду фанатҳои "Истиқлолем", ба футболбозон боварӣ дорем, мухлисонашонем!" — гуфт овозхон.

Худи сароянда эътироф кардааст, ки ин навъи варзишро хеле дӯст медорад ва бозиҳои дастаҳои тоҷикро пайваста тамошо мекунад.

"Ман футболро хеле дӯст медорам. Қариб тамоми иттиллоъ роҷеъ ба дастаҳои тоҷикро дар ахбор ва порталҳои варзишӣ пайгирӣ мекунам. Ба суроғаҳои футболбозонамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабтином кардаам то ба сабукӣ фаҳмам, ки онҳо дар кадом кишвар ё шаҳр бояд бозӣ кунанд. Ҳамчунин дигар навъҳои варзишро ҳам дӯст медорам. Худам ҳамеша кӯшиш мекунам, ки тарзи ҳаёти солим барам, тамрину парҳез кунам. Ба ғайр аз футбол, ман боз ҳоккей ва гимнастикаи бадеиро хеле дӯст медорам. Вале ҳоло, ки ман ба касбу корам ҳирфаӣ машғулам, мутаассифона, барои тамошои ин навъҳои варзиш доимо вақт ҷудо карда наметавонам», — гуфт ӯ.

Волидайни Карина кӯшиш кардаанд, ки меҳри варзишро аз кӯдакӣ дар дили духтарашон ҷой диҳанд, вайро аз синни хурдсолӣ ба бахшҳои гуногуни варзиш супурдаанд, ба монанди тенниси калон, тэквондо, гимнастикаи бадеиву рақсҳои варзишӣ.

ФК Истиклол - Sputnik Тоҷикистон
Пирӯзии чоркарата: "Истиқлол" Ҷоми ФФТ-ро аз худ кард

"Дар намуди тэквондо баромадҳои намоишӣ доштем, вале инро рақобат номида намешавад. Дар маҷмӯъ, карера кардан ба ман дар соҳаи варзиш муяссар нашуд, чун ман ба фаъолияти мусиқӣ рӯ овардам. Дар омади гап, ман ба мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ рафтаам. Дар қаҳрамонии футболи Аврупо дар Украина будам, инчунин ба якчанд бозиҳои дигари футбол ҳам рафтаам", — шарҳ дод Карина.

Карина дар Душанбе дар оилаи ҳокейбози русиягии зодаи Тоҷикистон таваллуд шудааст. Духтарак мактабро дар Тоҷикистон хатм карда, сипас ҳамроҳи оилаашон аввал ба Алмаато, ва баъд ба Краснокамск кӯчидаанд. Аз рӯи маълумот, Карина ҳуқуқшинос аст, вале ҳозир ин соҳибҷамол ба эҷодкорӣ машғул аст. Дар синни 20-солагӣ ӯ ба карераи моделӣ дар Аморати Муттаҳидаи Араб шурӯъ карда буд. Дар озмунҳои зиёде ширкат варзидааст, вале баъдтар худашро куллан ба мусиқӣ бахшид.

Бо вуҷуди он, ки овозхон дар шоу-бизнес ба наздики ворид шудааст, аммо хондаҳои ӯ аллакай хеле маълуму машҳуранд. Клипи охирини сарояндаро беш аз 24 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0