Коршинос: Тоҷикистон таҳдид аз Афғонистонро ба суди худ истифода мекунад

© Фото : Facebook / Андрей СеренкоЭксперт по Афганистану Андрей Серенко, архивное фото
Эксперт по Афганистану Андрей Серенко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршиноси масоили амниятии Бунгоҳи пажӯҳиши масоили Афғонистон дар Русия, Андрей Серенко дар бораи дурнамои соҳаи низомии Тоҷикистон нақл кард

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳро боз кард. Андрей Серенко дар ин бора ибрози андеша кард.

Ба гуфти ӯ барои тоҷикон муҳим аст, ки Афғонистон нафақат мушкиле холӣ бошад, балки аз ин вазъият суде бароварда шавад. Тоҷикистон мехоҳад аз барномаи оромгардонии вазъи Афғонистон суд бигирад.

Китайские военные на церемонии по случаю визита президента Таджикистана в КНР - Sputnik Тоҷикистон
Кобул: Чин дар Бадахшон пойгоҳи низомӣ нахоҳад дошт

"Дар мавҷи таваҷҷӯҳи баланд ба таҳдид аз ҷониби Афғонистон, Тоҷикистон имкон дорад Қувваҳои мусаллаҳи худро таҳким бахшида, техникаи нав бигирад, кадрҳои баландихтисос тарбия кунад ва бо бозигарони муҳими низомӣ алоқаи мустаҳкам бандад",-гуфт Андрей Серенко дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Дар баробари ин ба гуфти коршинос, Тоҷикистон оҳиста-оҳиста аз монополияи Русия баромада истодааст.

Коршинос бар ин аст, ки кишвраҳои Осиёи Марказӣ ба худ марказҳои мухталиферо меҷӯянду дар ин ё он масъала бо онҳо маслиҳат мекунанд. Барои Русия ин хабар наонқадар хуш аст, вале воқеъиятро бояд пазируфт, —гуфт коршинос.

Шакли овозии шарҳи коршиносро ин ҷо гӯш кунед.

Серенко: Таджикистан отходит от ориентации на Россию
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала