Тоҷикистон ва Белорус дурнамои ҳамкориҳои низомиро баррасӣ карданд

© Фото : Пресс-служба МИД Республики ТаджикистанВстреча Посла с Министром обороны Республики Беларуси, архивное фото
Встреча Посла с Министром обороны Республики Беларуси, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дурнамои ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон ва Белорус дар дидори сафири ҶТ дар Минск Маҳмадшариф Ҳақдод бо вазири дифоъи Белорус сарлашкар Андрей Равков баррасӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дар ин дидор, ки 26 феврал баргузор шуда, Ҳақдод ва Равков вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-фаннӣ миёни Тоҷикистон ва Белорус баррасӣ кардаанд.

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, сафир ва вазир ҳамчунин дар мавзуъҳои марбут ба табодули сафарҳои дуҷониба, омодасозии кадрҳои низомӣ, баргузории размоишҳои муштарак, такмили заминаи ҳуқуқӣ ва ҳамкориҳо миёни вазоратҳои дифоъи ду кишвар, аз ҷумла дар чорчӯби ИДМ, СПАД ва дигар сохторҳои ҳамгирои минтақаӣ табодули афкор карданд.

“Ҷонибҳо қайд карданд, ки ҳамкориҳои ҳарбӣ қисми ҷудонашавандаи шарикии стратегии кишварҳо мебошад”, — гуфта мешавад дар ин гузориш.

Маҳмадшариф  Ҳақдод ҳамчунин 100-умин солгарди ташкили Нерӯҳои мусаллаҳи Белорусро ба Андрей Равков ва низомиёни белорусӣ табрик гуфт.

Лентаи хабарҳо
0