Заминфурӯше дар ноҳияи Рӯдакӣ боздошт шуд

© APЗадержание, архивное фото
Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод аз боздошти як масъул дар ноҳияи Рӯдакӣ ба иттиҳоми заминфурӯшӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Равобити умумии Ожонси мубориза бо фасод аз боздошти шаҳрванд Убайдулло Гулов, яке аз масъулони идораи заминҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод.

“Убайдулло Гулов бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд «А» даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани якчанд қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои корами обии деҳаҳои Деҳқонобод-2 ва Якатут дар ҷамоати деҳоти “Колхози Россия” ноҳияи Рудакӣ маблағи 56.000 доллари ИМА гирифта, тасарруф намуда, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст”, — гуфтанд дар Ожонс.

Ожонси мубориза бо фасод Убайдулло Гуловро муттаҳам ба қонуншиканӣ аз рӯи моддаи 247 қисми 4 банди «б» Қонуни ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон карда аст.

Барои бозҷӯии ин қазия парванда оғоз карда шуда, такмили он идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0