Вакилони Суғд мехоҳанд номи бархе аз маҳалҳои Исфара ва Конибодомро иваз кунанд

Вакилони халқи вилояти Суғд мехоҳанд номи бархе аз маҳалҳои шаҳрҳои Исфара, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро иваз кунанд

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, дар ин росто имрӯз дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон қарори дахлдор қабул шудааст.

"Дар кори маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба номивазкунии баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истравшан, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров" қарори дахлдор қабул карда шуд", — омадааст дар хабарнома.

Монумент Исмаила Самани, Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Оё шаҳри Душанбе ҳам номгардон мешавад?

Дар кори маҷлис аз руи масъала "Оид ба Ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз руи гуруҳҳо, намудҳои замин ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2018" гузориши Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ шунида шудааст.

"Марзи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2018 нисбат ба ҳолати 1 январи соли 2017 бетағйир мондааст. Дар истифодаи корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ 6 миллиону 960 ҳазору 741 гектар, аз он 681 ҳазору 413 гектар замини обӣ қарор дорад. Дар соли 2017 майдони 1 ҳазору 720 гектар заминҳои партови обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, ба заминҳои корами обӣ дохил карда шудааст".

Аъзои Ҳукумати кишвар 8 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ" — ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудаанд.

© Sputnik (sputniktj_photo) Victoria LyubavinaКадом шаҳру ноҳияву деҳаҳо дар Тоҷикистон номгардон шудаанд
Кадом шаҳру ноҳияву деҳаҳо дар Тоҷикистон номгардон шудаанд - Sputnik Тоҷикистон
Кадом шаҳру ноҳияву деҳаҳо дар Тоҷикистон номгардон шудаанд

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала