Сатторов: Русия ва Тоҷикистон қарордодҳои наве барои муҳоҷират омода мекунанд

© Фото : Аз саҳифаи ВУХ Имомуддин Сатторов-сафири Тоҷикистон дар Русия
Имомуддин Сатторов-сафири Тоҷикистон дар Русия - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Русия ба рӯзноманигорон аз омодасозии қарордодҳои нав дар заминаи муҳоҷират миёни ду кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Тоҷикистон ҳамакнун се қарордод бо Русия дар мавзуъи муҳоҷират омода мекунад, гуфт сафири Тоҷикистон дар Маскав Имомуддин Сатторов.

“Мо якчанд қарордод дар заминаи муҳоҷират омода кардаем. Се қарордод барои имзо кардан омода шудаанд. Акнун баррасӣ дорем, ки онҳоро дар чорчӯби кадом барнома, сафару боздид ё ҳамоишҳо метавонем имзо кунем”, — гуфт вай дар нишасти Кумитаи баргузории шашумин ҳамоиши миёнмаҷлисии Русия ва Тоҷикистон дар Шурои Федеросюни Русия.

Сатторов ҳамчунин гуфт, ки дар назар аст нишасти Кумисюни муштараки ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар моҳи апрел баргузор шавад. Шашумин ҳамоиши миёнмаҷлисии Русия ва Тоҷикистон дар поёни моҳи октябри соли 2018 ба нақша гирифта шудааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки Русия порсол дар моҳҳои март ва апрел бархе аз муҳоҷирони қонуншиканро афв карда буд. Ин “бахшоиш” иҷозаи вуруд ба қаламрави Русия ва расмисозии кори муҳоҷиронеро дар назар дошт, ки ғайриқонунӣ дар сарзамини Русия будубош доштанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала