Дар ноҳияи Ҳамадонӣ коргоҳи истеҳсоли адрас фаъол гардид

© Sputnik / Стас ЭтвешКлассический ткацкий станок, архивное фото
Классический ткацкий станок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин коргоҳ занону духтарони деҳа ба курси семоҳаи омӯзиши ҳунари адрасбофӣ ҷалб карда шудаанд. Баъди анҷоми курси кӯтоҳмуддат ба хотири пешрафти фаъолияти коргоҳ духтарону занон ба кори доимӣ фаро гирифта мешаванд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар деҳаи Ободони Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ коргоҳи истеҳсоли матои адрас ба фаъолият пардохт.

Тавре сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин ноҳия Саидакобир Бодомов ба расонаҳои расмии Тоҷикистон  иттилоъ додааст, дар ин коргоҳ занону духтарони деҳа ба курси семоҳаи омӯзиши ҳунари адрасбофӣ ҷалб карда шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, баъди анҷоми курси кӯтоҳмуддат ба хотири пешрафти фаъолияти коргоҳ духтарону занон ба кори доимӣ фаро гирифта мешаванд. Бояд гуфт, ки занону духтарони ба курси кӯтоҳмуддат ҷалбшуда идрорпулӣ мегиранд ва ба омӯзгорони онҳо маоши иловагӣ дода мешавад.

"Афзун бар ин, дар муддати кӯтоҳ дар ҷамоатҳои деҳоти Қаҳрамон, Чӯбек ва Турдиеви ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мағозаҳои фурӯши маҳсулоти коргоҳи адрасбофӣ кушода шуданд. Дар ноҳия талабот ба матои адрас хеле зиёд буда, масъулин талош доранд истеҳсоли ин матои зебои ватаниро боз ҳам афзунтар гардонанд",- гуфтааст Саидакобир Бодомов.

Ёдовар мешавем, ки адрас матои бофтаи тораш абрешиму пудаш аз ресмони пахтагин буда, намудҳои зиёд дорад. Адрас матои пурнақшу нигорест, ки онро подшоҳӣ низ мегӯянд. Адрасро аз абрешими дуруштранг мебофанд. Пуди адрас аз 3 ресмони борики сафед ё рангин иборат буда, андозаи бари он гуногун аст.
Бо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли равон ин соҳа рӯз аз рӯз дар мамлакат рушд меёбад. Либоси аз адрас дӯхташуда ба мисли атлас ва чакан зеби бонувони тоҷик аст.

Лентаи хабарҳо
0