"Истиқлол" бори ҳафтум соҳиби Ҷоми олии Тоҷикистон шуд

© Федерация футбола Таджикистана / Гузаштан ба хазинаи аксИгровой эпизод матча "Истиклол"-"Худжанд"
Игровой эпизод матча Истиклол-Худжанд - Sputnik Тоҷикистон
Шоми дирӯз бозӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор миёни дастаҳои футболи "Истиқлол"-и Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон  иттилоъ додаанд,  талоши бозингарони "Хуҷанд" дар қисми аввали дидор самараи дилхоҳ ба бор овард.

Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 17-уми бозӣ Фирдавс Чақалов ҳисоби дидорро боз намуд.  Дере нагузашта, лигионери африқоии дастаи "Хуҷанд" Агблей Ҷонс голи дуюмро таслими дарвозаи Никола Стошич намуда, тимашро бартарӣ дод.

Аммо баъд аз сар додани ду гол ҳам  шогирдони Муҳсин Муҳаммадев дилсард нашуда, муборизаро барои пирӯзӣ идома доданд.

Известная таджикская певица Карина Комил - Sputnik Тоҷикистон
Суруди Карина Комил барои дастаи футболи "Истиқлол"

Дар дақиқаҳои иловагии қисми аввали дидор бозингари дастаи  "Хуҷанд",  Фирдавс Чақалов ғайричашмдошт тӯбро ба дарвозаи тими худ ворид сохт.  Дар нимаи дуюми дидор бозигарони "Истиқлол" бештар ташаббусро ба даст гирифтанд ва зуд зуд ҳамалаҳо созмон доданд, ки дар як ҳолат ҳамлагари ҷадиди дастаи футболи "Истиқлол" Миколай Зенко бо зарбаи сар голи ҷаҳоруми ин дидорро ба ҳадаф расониду таносубро баробар сохт.

Бо ҳисоби 2:2 вақти асосии бозӣ ба поён расид. Баъд аз ин довари марказ ду қисми иловагӣ таъйин кард.  Аз ин имконият бозингарони "Истиқлол" беҳтару хубтар истифода намуда, голи тақдирсози ин дидорро ба ҳадаф расониданд. Нозим Бобоҷонов муаллифи ин голи ғалабаовар гардид.

Ҳамин тариқ   дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе маротибаи 7-ум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала