Ду навҷавон дар Душанбе ҷанҷолашонро бо кордкашӣ поён доданд

© Flickr \ Tom WoodwardUn cuchillo
Un cuchillo - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷанҷоли ду навҷавон дар шаҳри Душанбе ба кордкашӣ кашид ва яке аз онҳоро бистарӣ кард

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Ду навҷавон дар шаҳри Душанбе дар паи ҷанҷол кордкашӣ карда ва яке аз онҳо сахт захмӣ шудааст, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Ба гузориши ин ниҳод, як навҷавони 15-сола рӯзи 3 март дар кӯчаи Фирдавсӣ як навҷавони 16-соларо ду бор корд задааст.

“Навҷавони 15-солае рӯзи 3-юми март дар кӯчаи Фирдавсӣ, аз ҳиссиёти авбошӣ бо навҷавони 16-солае ҷангу ҷанҷол карда, бо олоти бурандаю халанда, 2 бор ба пояш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст”, — гуфта мешавад дар ин гузориш.

Кормандони милиса дар паи баргузории амалиёти ҷустуҷӯӣ ин навҷавони 15-соларо ба иттиҳоми авбошӣ дастгир кардаанд.

Нерӯҳои интизомӣ ин қазияро бозҷӯӣ доранд.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода фармоне содир карда буд, ки бино бар он кормандони милиса ба мактабу ҳунаристону донишгоҳҳо вобаста карда шудаанд.

Зима в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Милисаҳои Душанбе мардумро одоби шаҳрнишинӣ меомӯзанд

Дар сурати рух додани ҳодисаҳои номатлуб дар ин омӯзишгоҳҳо кормандони милиса шахсан масъул шудаанд. Онҳо муваззаф шудаанд бо мудирони ин омӯзишгоҳҳо ҳамкории тангтангро ба роҳ монанд.

Дар асоси талаботи банди 3 ин фармон, барои пешгирии муноқишаю авбошиҳои гурӯҳӣ кормандони ба муассисаҳои таълимӣ вобасташуда шахсан масъул буда, дар сурати рух додани чунин ҳодисаҳои номатлуб нисбати кормандони вобастагардида санҷишҳои хизматӣ гузаронида шуда, ҷазоҳои сахти интизомӣ татбиқ карда мешавад.

Яке аз ҳадафҳои роҳандозии иқдоми мазкур пешгирии авбошиҳои гурӯҳӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣгуфта шудааст.

Бино бар додаҳои ВКД, дар соли 2017 бо ширкати мактаббачагон 4 ҷинояти авбошии гурӯҳӣ содир гардид, ки дар натиҷа 2 кас кушта ва 4 кас ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Лентаи хабарҳо
0