Эрон дар Узбакистон бунгоҳи моҳипарварӣ месозад

CC0 / Pixabay / Рыба, архивное фото
Рыба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев аз ҳамкории Эрон бо Узбакистон дар заминаи сохти муҷтамаи парвариши моҳӣ дар вилояти Навоӣ хабар дод

УШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Эрон дар вилояти Навоӣ бунгоҳи моҳипарварӣ месозад, гуфт раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, раисҷумҳури Узбакистон рӯзи 4-уми март дар сафараш ба вилояти Навоӣ гуфта, ки дар ин вилоят бо ҳамкорӣ ва сармоягузории Эрон муҷтамаи парвариши моҳӣ сохта мешавад.

Бозори моҳӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қочоқи моҳӣ аз Суғд ба Душанбе

Кишвардори Узбакистон гуфта, ки дар ин муҷтама солона камобеш 10 ҳазор тонна моҳӣ ва фаровардаҳои он тавлид карда хоҳад шуд.

Вай бар лузуми иҷрои сареъи ин тарҳ дар вилояти Навоӣ таъкид кардааст.

Эрон дар миёни бист кишвари пешрафта дар заминаи обзипарварӣ ҷой дорад.

Гуфтанист, бунгоҳҳои моҳипарварии Тоҷикистон дар соли 2017 беш аз 2 ҳазору 54 тонна моҳӣ тавлид карда буданд, ки 17 тонна бештар аз соли 2016 аст. Бунгоҳҳои моҳипарварии кишвар гунаҳои моҳии капур, аз ҷумла сазан ва амури сафед ё капури алафхор ва гулмоҳӣ парвариш мекунанд.

Аммо ҳарчанд ҳаҷми тавлиди моҳӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, вале нархи моҳии парваришёфта дар дохили кишвар аз моҳиҳои воридотӣ 50 дарсад гаронтар аст.

Ҳамакнун як килуграм моҳии парваришёфта дар дохили кишвар дар бозорҳо 30 — 40 сомонӣ арзиш дорад, вале як килуграм моҳии воридотӣ бо ҳама ҳазинаҳои таробарӣ ва гумрукӣ 20 — 22 сомонӣ арзиш дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала