Таърихи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Қазоқистон муайян шуд

© Фото : пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 март ба Қазоқистон сафар хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода буд, ки Эмомалӣ Раҳон аз Қазоқистон боздид карда бо кишвардори ин давлат Нурсултон Назарбоев дидор ва мулоқот хоҳад кард.

Ба гузориши оҷонсии Тоҷик.ТА. раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 14 марти соли 2018 ба Қазоқистон сафар мекунад.

Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Кайрат Абдураҳмонов хабар додааст.

"Қадами дигаре барои фаъолгардонии ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо, сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 14 марти соли 2018 ба Қазоқистон хоҳад шуд",-гуфтааст вазири корҳои хориҷии Қазоқистон дар маҷлиси парлумон.

Ба гуфти Абдураҳмонов, "муносиботи байни Қазоқистону Тоҷикистон аз замони соҳибистиқлол шуданашон, дар фазои дӯстӣ рушд мекунад".

Лентаи хабарҳо
0