Серенко: толибони Афғонистон ҳукумати Ғаниро зархарид меноманд

© Фото : Facebook / Андрей СеренкоЭксперт по Афганистану Андрей Серенко, архивное фото
Эксперт по Афганистану Андрей Серенко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҷеъ ба мухолифат дар сиёсати дохилии Афғонистон коршиноси аршади мушкилоти минтақа Андрей Серенко иттиллоъ дод

Ҳукумати Афғонистон омодааст ба ҷангиёни созгори ҳаракати "Толибон" (созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия манъ аст) шаҳрвандӣ диҳад.

Дар ин бора раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар конфронси байналмилалии "Раванди Кобул" гуфт ва илова намуд, ки мехоҳад музокироти сулҳро байни ҷангиён ва ҳукумати марказии Афғонистон оғоз кунад.

Серенко: Афганистан ждет столкновения талибов с правительственными войсками


Коршиноси аршади Маркази русиягии омӯзиши Афғонистон эълом дошт, ки чунин пешниҳодот Ғанӣ дар як сол 5-7 бор мекунад, вале тамоми онҳо беҷавоб мемонанд.

"Ин изҳороти холӣ аст, ки ба ҳеҷ чиз оварда намерасонанд. Ман ба имконияти муколама миёни тарафҳои мухолиф дар Афғонистон боварӣ надорам, чунки ҳамоҳангӣ дар як масъалаи хеле муҳим дида намешавад. Толибон ҳукумати Ғаниро зархарид меноманд, бар ин бино мехоҳанд музокиротро мустақиман бо Вашингтон баранд. Вале амрикоиҳо бошанд, чунин мешуморанд, ки муколама бояд байни толибон ва намояндагони расмии ҳукумати Афғонистон сурат гирад ", —  шарҳ дод Андрей Серенко.

Ба андешаи ӯ, то он даме, ки ин зиддиятҳо бартараф карда намешаванд, ҳеҷ тағйироте нахоҳад шуд.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0