Истиқболи Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳи Душанбе

Обуна шудан
9 марти соли 2018 раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад

ДУШАНБЕ, 9 мар- Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмонро Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.

Майдони фурудгоҳ ба хотири ташрифи роҳбари кишвари дӯсту ҳамсоя бо парчамҳои давлатии ду кишвар ва шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Узбакистон идона оро ёфта буд.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбакистон 22 октябри соли 1992 барқарор гардида бошад ҳам, дӯстию рафоқати халқҳо таърихи қадим ва бою рангин дорад.

Президент РТ Эмомали Рахмон и президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Оғози сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

Тоҷикистон ва Узбакистон дорои фазои бузурги фарҳангӣ-гуманитарӣ, сарҳади умумӣ ва робитаҳои инкишофёфта буда, метавонанд рафтуомади озоди аҳолӣ ва маҳсулоту хизматрасониҳоро фароҳам оранд, барои инкишофи таъсирбахши соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҳар ду давлат мусоидат намоянд ва иктидори транзитии якдигарро барои баромадан ба дигар бозорҳо истифода баранд.

Мавриди зикри хос аст, ки тайи рӯзҳои охир бо талошҳову ташаббусҳои неки сарони давлатҳо наздики 10 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуд, ки мардуми ташнаи дидорро ба висоли дӯст, хешу табор ва ҳамсояи нек расонд.

Умед аст, ки сафари давлатии раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо кишвардори Тоҷикистон, имзои санадҳои нави меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳо, барои таҳкими дӯстии мардумони ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Пас аз анҷоми маросими бошукуҳи истиқболи расмӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар толори пазироии меҳмонони олимақоми Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе як суҳбати кутоҳи самимӣ доир карданд.

Сарони давлатҳо аз имкони ин дидор ва нахустин ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози марҳилаи нави рушду густариши муносибатҳои неки дӯстию ҳамсоягӣ мегардад, изҳори қаноатмандӣ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0