Навори нобудсозии гурӯҳи теруристӣ дар Саратов

ФСБ Русия навори безараргардонии гурӯҳи ҷиноиеро, ки қасд доштааст дар вилояти Саратов таркиш ба амал оварад, мунташир кардааст

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар ноҳияи Воскресенски вилояти Саратов гурӯҳи ҷиноиеро хунсо кард.

Гуфта мешавад, ки ин гурӯҳ мақсади ба амал овардани таркишро доштааст.

Рӯзи 11 марти соли 2018, зимни боздошт намудани ин гурӯҳ, теруристон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муқовимат нишон додаанд.

Аз ҷои ҳодиса кормандони ФСБ таппончаҳои  ТТ ва ПМ, норинҷаку бомби дастсохт дарёфт кардаанд.

Аз рӯи қазияи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала