Пирӯзии духтарони Масчо дар сабқати футбол

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкФутбол, архивное фото
Футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи духтарони футболбози ноҳияи Масчо дар сабқати вилоятӣ мақоми аввалро ба даст овард

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумиии ҳукумати вилояти Суғд, Дар мусобиқа 6 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҳайати 16 нафарӣ иштирок намуда, бо ҳам қувваозмоӣ намудаанд.

Гуфта мешавад, ки Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш миёни ҷавондухтарон мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол ташкил намуд.

Ин мусобиқаи вилоятӣ, ки барои дарёфти "Ҷоми Умед" сурат гирифта, дар майдони Муассисаи давлатии Мактаби варзишии №1-и шаҳри Хуҷанд бо ширкати беш аз 96 нафар варзишгарон баргузор гардидааст.

Дар мусобиқа 6 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҳайати 16 нафарӣ иштирок намуда, бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

"Дастаи ҷавондухтарони ноҳияи Мастчоҳ соҳиби ҷойи аввал шуданд",-омадааст дар хабарнома.

Ғолибони мусобиқа бо медалу Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0