Раисҷумҳур ҷавонписаронро ба хизмати ҳарбӣ даъват кард

Обуна шудан
Мувофиқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, ҷавононе, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавонписаронро ба хизмати ҳарбӣ даъват кард. Дар ин бора фармони вижаи раисҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расидааст.

"Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел — майи соли 2018 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, Гвардияи миллӣ, қӯшунҳои дохилии ВКД, қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҶТ ба эҳтиёт рухсат дода шаванд",- омадааст дар фармони кишвардор.

Речь Эмомали Рахмона на заседание Олимпийского комитета - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: ҳангоми таъсиси Артиши миллӣ як генерал ҳам надоштем

Бино бар ҳуҷҷати мазкур, моҳҳои апрел — майи соли равон шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмати ҳарбӣ,  даъват карда мешаванд.

Вазорати мудофиа, раисони комиссияи даъвати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ӯҳдадор шудаанд, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо таваҷҷуҳ ба хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.

"Раисони шаҳру ноҳияҳо бо дарки масъулият якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ барои амалӣ намудани муқаррароти моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд",- омадааст дар фармон.

 Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуданд, ки омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоянд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагоне, ки аз ҷониби комиссияҳои даъвати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даъват шудаанд, бояд табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.

Лентаи хабарҳо
0