Раисҷумҳурро Озода Раҳмон ва Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Қазоқистон гусел карданд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкЭмомали Рахмон, архивное фото
Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба Қазоқистон сафар кард

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар Вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.

Дар ин сафар  Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари раисҷумҳур оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин раисони кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва рушди сайёҳӣ, директорони агентиҳои хизмати давлатӣ ва хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳи раисҷумҳур ба Қазоқистон парвоз карданд.

Лентаи хабарҳо
0