Сюрпризи Нурсултон Назарбоев барои Эмомалӣ Раҳмон

© © SputnikВизит Эмомали Рахмона в Астану на переговоры с президентом Казахстана Нурсултаном Назарбаевым
Визит Эмомали Рахмона в Астану на переговоры с президентом Казахстана Нурсултаном Назарбаевым - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нишон тақдим кард

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон ба Эмомалӣ Раҳмон нишони "Фаросат" ҳадя кард, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе сафари кории худро дар Қазоқистон оғоз кард.

Дар рафти дидор раисҷмуҳури Қазоқистон гуфт, ки дар давоми ин солҳо ба шарофати раҳбарони ду кишвар Қазоқистону Тоҷикистон "муносибати бузурги боварӣ, ҳамкорӣ ва дӯстӣ" фароҳам шудааст.

Визит Эмомали Рахмона в Астану на переговоры с президентом Казахстана Нурсултаном Назарбаевым - Sputnik Тоҷикистон
Гарму самимӣ: истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар Остона

"Саҳми шуморо дар таҳкими дӯстии миёни кишварҳои мо ба назар гирифта, ман барои хирад ва муҳаббататон ба Қазоқистон қарор дар бораи тақдими нишон ба шумо имзо кардам",- гуфт Назарбоев ба Раҳмон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар навбати худ гуфт, ки ин ҳадя барояш сюрприз шуд.

"Ин барои ман сюрприз аст. Ман мехоҳам аз номи халқи тоҷик ва аз номи худам барои ин унвоне, ки шумо ба ман сазовор донистед, сипосатон бигӯям. Ман фикр мекунам, ки ин саҳми ман не, балки саҳми халқи тоҷик дар тӯли 25 солест, ки мо муносиботамонро таҳким бахшидем", — ҷавоб дод Эмомалӣ Раҳмон.

Ордени "Фаросат"-ҳадяи давлатии Қазоқистон мебошад, ки аз соли 1993 инҷониб тақдим мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ солҳои 2006 ва 2008 ба Қазоқистон ва Назарбоев солҳои 2007, 2011 ва 2015 ба Тоҷикистон сафар кардааст.

Дар назар аст, ки зимни ин сафар раисҷумҳури Тоҷикистон бо кишвардори Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва намояндагони воломақоми ин кишвар мулоқот карда, аз руи натиҷаҳои вохуриҳо санадҳои нави ҳамкории танзимкунандаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарикиро ба имзо мерасонад.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти (машварати) кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0