Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Қазоқистон мулоқот кард

© © Sputnik Визит Эмомали Рахмона в Астану на переговоры с президентом Казахстана Нурсултаном Назарбаевым
Визит Эмомали Рахмона в Астану на переговоры с президентом Казахстана Нурсултаном Назарбаевым - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои калидии тиҷорат, саноати куҳӣ ва саноати сабук, нақлиёту транзит, энергетика, бахши кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ғайраро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Қазоқистон Бакитҷан Сагинтаев мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

 Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон аз муносибатҳои шарикӣ давоми 25 — соли истиқрори муносибатҳои дипломатӣ изҳори қаноат намуда, имзои 12 санади нави зимни сафари расмӣ баимзорасидаро қадами устувор дар самти  густариши муносибатҳои ҳамкорӣ номид.

"Айни ҳол мо дар арафаи болоравии сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, фарҳанг, илм ва амният қарор дорем ва бояд онро ба манфиати ҳар ду ҷониб самаранок истифода барем",- таъкид дошт раисҷумҳур.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои калидии тиҷорат, саноати куҳӣ ва саноати сабук, нақлиёту транзит, энергетика, бахши кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ғайраро баррасӣ карданд.

Дар охири мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитҷан Сагинтаев даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояш мувофиқ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Лентаи хабарҳо
0