Варзиш, театр, савганд: усули нави зиндагии кормандони давлатии Тоҷикистон

CC0 / Pixabay / Зарядка, архивное фото
Зарядка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз чанде пеш кормандони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон бояд бомдодон варзиш кунанд, зебо бипӯшанд ва савганди садоқат ёд кунанд

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Кормандони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дастур гирифтаанд аз ин пас ҳар рӯзи шанбе бомдод дастаҷамъона варзишу нармиш кунанд. Чунин дастуреро раҳбари Кумитаи ҷавонону варзиш Аҳтам Абдуллозода додааст. Аммо мубтакири аслии ин дастур Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон дониста шудааст.

Дар ин навиштор Sputnik Тоҷикистон пайгирӣ карда, ки усули зиндагиву кори хидматгузорони мардуми Тоҷикистон чигуна аст.

Девушки Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Яку дуву сею чор: мансабдорони тоҷик иҷборан ба варзиш машғул мешаванд

Даву театр дар Тоҷикистон

Кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз чанде пеш хоставу нахоста бояд бадансозӣ кунанд то фарбеҳ нашаванд. Милисаҳои тоҷик дастур гирифтаанд ҳар ҳафта то 5 килуметр бидаванд ва ду – се бор дар ҳафта шино кунанд.

Агар Худо накарда посдорони назму низом беш аз ҳадди муқарраркарда фарбеҳ шавад, аз кор барканор карда мешавад то вазнашро танзим кунад ва сари кор баргардад. Чунончи, порсол 20 милиса аз барои фарбеҳӣ аз кор барканор шуда буданд ё ҳушдор гирифтанд, ки лоғар шаванд.

Аммо чунон, ки гуфта шуда, "на ҳар ки ба сурат накӯст, сирати зебо дар ӯст – кор андарун мекунад, на пӯст". Кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як сол пеш аз ин дастур гирифта буданд, ҳар ҳафта намоишеро дар театр тамошо кунанд то "андарунашон" низ накӯ шавад. Раҳбарии ин вазорат кормандонашро муваззаф кардааст ҳазинаи "сиратсозиашонро" худашон пардохт кунанд.

Афзун бар кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва низомӣ, дигар масъулини давлатӣ низ бояд ҳамсонпӯш шаванд. Дар поёни соли 2017 хабаре мунташир шуда буд, ки кормандони ҳама вазорату идораҳо аз соли нав пӯшоки ҳамсон бар тан хоҳанд кард.

Давлати Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2017 занону духтаронро "миллипӯш" карда буд. Донишомӯзону донишҷӯёни духтар ва омӯзгорбонувон дастур гирифтанд, ки аз он пас ба дабиристону донишгоҳҳо атласпӯшу адраспӯш бираванд.

Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Эй беинсоф!: Мирзиёев ба тӯй ё чойхона рафтани мансабдоронро мамнӯъ кард

Дигар бонувонро низ бо ибтикори Кумитаи умури занону хонавода бо паёмакҳо огаҳирасонӣ доранд, ки ҳиҷобу сатрашонро аз тан бадар кунанд ва куртаву пероҳанҳои миллӣ бипӯшанд. Манзур аз ин таблиғоту огаҳирасониҳо на танҳо посдории мероси фарҳангии Тоҷикистон, балки мубориза бо исломгароӣ ва ҳиҷобпӯшиву сатрбандӣ аст.

Савганд ва дороиҳои хидматгузорони давлатӣ

Дар Тоҷикистон хидматгузорони давлат ҳам дар баробари низомиён савганди садоқат ба Меҳан ёд мекунанд. Аз чанде пеш расм шуда, ки ҳар корманде – аз намояндаи Маҷлис гирифта то масъули хадамоти шаҳрии сохтмонҳои маскунӣ – ҳангоми интисоб ба симаташ савганд ёд кунад. Масъулине, ки савгандашонро мешикананд ва хидмати миллату давлатро ба ҷо намеоранд, то 32 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт хоҳанд кард.

Афзун бар ин, яке аз ислоҳоте, ки чанде пеш дар Қонуни танзими ҷашну маросим дароварда шуда буд, муқаррар карда, ки ҳар корманде, ки ин қонунро мешикананд, бекор хоҳад монд. Аз барои ҷашни пуршукӯҳ метавонанд ҳар раису милисаро аз кор барканор кунанд, агарчанде он ҷашнро писараш ё духтараш баргузор карда бошад. Бо ингуна сахтгириҳо давлати Тоҷикистон миллатро водор мекунад, ки сарфаҷӯй бошад ва пулеро, ки аз кор дар муҳоҷират ба даст меоварад, беҳуда бар бод надиҳад.

Яке дигар аз ингуна афзорҳо назорат бар дороии масъулин ва хешовандонашон аст. Онҳо муваззаф шудаанд ҳар сол аз дороиҳояшон ба Идораи молиёти Тоҷикистон гузориш бидиҳанд.

Сотрудники МВД Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Талоши милисаҳои тоҷик барои аз кор намондан: як раис дар ВУД 15 кило вазн партофт

Давлат на танҳо зоҳиру ботину дороии кормандонашро танзим мекунад, балки забонашонро низ муназзам кардааст. Хидматгузорони давлати Тоҷикистон муваззафанд на танҳо забони расмии коргузории кишварро ба хубӣ бидонанд, балки бояд забонашонро аз гуфтори мухолиф бо раъйу сиёсати давлат низ нигаҳ бидоранд.

Ин муқаррарот дар Ойинномаи ахлоқи кормандони давлатӣ дарҷ шудаанд, ки дар моҳи сентябри соли 2017 таҳия ва тасвиб шуда буд. Аз моҳи феврали соли 2018 коргурӯҳи вижае забондонии хидматгузорони миллату давлати Тоҷикистонро месанҷад. Ба зудӣ коргурӯҳи дигаре барои санҷиши ахлоқи онҳо ташкил карда хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала