КДАМ ҶТ гуфт бо кадом санадҳо ва аз кадом гузаргоҳҳо метавон ба Узбакистон сафар кард

© Sputnik / Амир ИсаевКПП "Равот" на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото
КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз имрӯз миёни Тоҷикистон ва Узбакистон метавон бе раводид рафту омад кард

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бархе аз ҷанбаҳои тавофуқнома миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар заминаи рафту омади бе раводид миёни ду кишвар барои 30 рӯзро тавзеҳ дод, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино бар ин гузориш, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд пеш аз Наврӯз ҳам бе раводид ба Узбакистон сафар кунанд.

Жители Узбекистана пересекают границу с Таджикистаном на КПП Патар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шодии беҳадди тоҷикону узбакҳо: зиндагӣ дар Конибодом пас аз боз шудани марзҳо

Шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Узбакистон бояд санадҳои зеринро дошта бошанд: шиносномаи дипломатии ҶТ (намунаи биометрӣ), шиносномаи дипломатӣ (дорои эътибор то 1 феврали соли 2022), шиносномаи хидматии ҶТ (намунаи биометрӣ), шиносномаи хориҷии шаҳрванди ҶТ (намунаи биометрӣ), шиносномаи хориҷии ҶТ (дорои эътибор то 1 феврали соли 2022), гувоҳиномаи бозгашт ба Тоҷикистон.

Идораи марзбонии КДАМ ҳамчунин соатҳои кори гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистонро ба иттилоъи шаҳрвандон расондааст.

Бино бар ин гузориш, ин гузаргоҳҳои марзӣ шабонарӯзӣ барои гузори худравҳо ва пиёдаравҳо боз ҳастанд: "Патар" (Конибодом) – "Андархон" (Бешариқ, Узбакистон), "Фотеҳобод" (Тоҷикистон) – "Ойбек" (Узбакистон), "Саразм" (Панҷиканд) – "Ҷартеппа" (Узбакистон), "Дӯстӣ" (Турсунзода) – "Сариосиё" (Узбакистон), "Айваҷ" (Шаҳритус) – "Гулбаҳор" (Узбакистон).

Ҳамчунин гузаргоҳҳои худравгузари зерин танҳо рӯзона боз ҳастанд: "Равот" (Конибодом) – "Равот" (Узбакистон), "Навбунёд" (Ашт) – "Поп" (Узбакистон), "Қӯштегирмон" (Спитаман, Тоҷикистон) – "Платина" (Бекобод, Узбакистон) "Зафаробод" (Тоҷикистон) – "Хавастобод" (Хаваст, Узбакистон), "Ҳаштяк" (Спитаман, Тоҷикистон) – "Хавастобод" (Узбакистон), "Ҳавотоғ" (Зафаробод, Тоҷикистон) – "Ӯчтурған" (Зомин, Узбакистон), "Ӯротеппа" (Истаравшан, Тоҷикистон) – "Қӯшкент" (Зомин, Узбакистон).

КДАМ Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ дода, ки гузаргоҳҳои марзии қаторгузари зерин ҳам шабонарӯзӣ боз ҳастанд:

"Нов" (Спитаман, Тоҷикистон) – "Бекобод" (Узбакистон), "Истиқлол" (Конибодом) – "Андархон" (Узбакистон), "Пахтаобод" (Турсунзода, Тоҷикистон) – "Узун" (Деҳнав, Узбакистон), "Хошади" (Шаҳритус, Тоҷикистон) – "Амузанг" (Тирмиз, Узбакистон).

Люди на границе Таджикистана и Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон
Ях об шуд: раводиди байни Тоҷикистону Узбакистон бекор шуд

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз имрӯз, 16 март, метавонанд бе раводид ба Узбакистон сафар кунанд ва то 30 рӯз дар он кишвар бимонанд.

Ёдовар мешавем, ки 9 март дар раванди сафари давлатии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ду кишвар Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи рафтуомади бе раводид ба муддати то 30 рӯзро имзо карда буданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 14-уми март ин созишномаро барои баррасӣ ва тасвиб ба Маҷлис фиристод. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, "созишнома аз рӯзи гирифтани огоҳиномаҳои хаттӣ дар мавриди иҷро шудани расмиёти дохилидавлатӣ эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад".

Аммо раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ҳамон бо судури як фармон рафтуомади бераводиди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламрави кишвараш иҷозат дод. Фармони Мирзиёев имрӯз, 16-уми март иҷроӣ мешавад.

Дар ин фармон ба мақомоти Узбекистон дастур шудааст, ки муқаррароти созишномаи дуҷонибаро бо Тоҷикистон ба таври истисноӣ, яъне то замони тасвибаш дар маҷлисҳои қонунгузори ҳар ду кишвар, ба иҷро дароранд.

Лентаи хабарҳо
0