Дар Мурғоб меҳмонхона ва осорхонаи нав бунёд мекунанд

Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ дар бинои нави бахши ҳифзи муҳити зист? меҳмонхона ва осорхонаи нав бунёд мешавад

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб бинои сеошёна бунёд мекунад.

Расонаҳои расмӣ бо такя ба мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ин ноҳия Амриддин Қуботбеков хабар додаанд.

"Таҳкурсии бинои мазкур тобистони соли 2017 гузошта шуда, барои сохтмони он 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Бино аз се ошёна иборат буда, ошёнаи аввали он барои таъсиси осорхона пешбинӣ шудааст. Дар ноҳия ду миллати бо ҳам дӯсту бародар- тоҷикону қирғизҳо садсолаҳо боз дар канори ҳам аҳлона зиндагӣ мекунанд ва расму суннат, фарҳангу ҳунари бою рангин доранд.

Ба ҷуз ин дар ҳудуди ноҳия панҷ кӯли зебо, ки ҳар яке бо хусусиятҳои ҷуғрофию табиии худ аз ҳам фарқ мекунанд, мавҷуданд. Бештари сайёҳон маҳз барои тамошои ин кӯлҳо ва манзараҳои ҷолиби атрофашон ба ин ноҳия сафар мекунанд",-гуфт мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ин ноҳия Амриддин Қуботбеков.

Гостиница в Дарвазе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Меҳмонкадае дар Дарвоз дарашро ба рӯи ҷаҳонгардон боз кард

Ба гуфти вай бахши муҳити зисти ноҳия, дар осорхона нигораҳои қадимӣ, маҳсулоти дастии ҳунармандони маҳаллӣ, маълумот дар бораи олами набототу ҳайвоноти ҳудуди ноҳияи Мурғоб гирдоварӣ мешаванд.

Дар толори осорхона барои баргузор кардани семинару ҳамоишҳои илмӣ ва маҳфилҳои гуногуни адабию фарҳангӣ шароити мусоид мавҷуд аст.

"Дар ошёнаи сеюми бино меҳмонхонаи замонавӣ бо тамоми шароити истироҳатию маишӣ сохта мешавад", — омадааст дар хабарнома.

Ҳоло бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Мустафо", ки аксарияташон ҷавонони маҳаллӣ мебошанд, аз нисф бештари корҳои сохтмониро анҷом додаанд.

Ба иттилоъи манбаъ, сохтмончиён ният доранд, биноро дар остонаи ҷашни истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Сардори ҷамъияти мазкур Атомамад Давлатназаров гуфта, ки "дар гузашта бо сабаби сардии ҳаво тамоми корҳои сохтмонӣ қатъ мегардиданд. Аммо мо бо мақсади нигоҳ доштани ҳарорати муътадил атроф ва боми биноро бо маводи махсус печонидем ва дар фасли зимистон низ корро қатъ накардем".

Муовини аввали раиси ноҳия Исрор Исроров гуфт, ки "соли 2017 Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раёсати вилоятӣ барои корҳои сохтмонӣ 20 миллиону 897 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд, ки бо ин маблағ 8 иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ ба истифода дода шуда, сохтмони 12 иншооти дигар идома дорад".

Лентаи хабарҳо
0