Ҷашни нав: дар Тоҷикистон Рӯзи фарҳанг таҷлил мешавад

Мувофиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2017, №181 минбаъд ҳамасола 20 март ҳамчун "Рӯзи фарҳанг" дар миқёси ҷумҳурӣ таҷлил мешавад

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати фарҳанг, 20 марти соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст Рӯзи фарҳанг таҷлил мегардад.

Ба иттилоъи манбаъ, ба муносибати ин ҷашн, субҳи 20 март роҳбарият ва кормандони Вазорати фарҳанг ба аёдати собиқадорони соҳа мераванд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро дар Ню-Йорк ҷашн мегирад

Қисми расмӣ ва ҳунарии чорабинӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон сурат мегирад. Бахшида ба Рӯзи фарҳанг дар назди бинои донишкада намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ ва дастовардҳои аҳли фарҳанг баргузор мегардад.

Маҷлиси тантанавӣ соати 14:00 дар толори муассисаи мазкур бо иштироки васеи аҳли илму адаб ва фарҳанг оғоз мешавад. Дар рафти чорабинӣ маросими супоридани мукофот ва туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин баргузории намоиши консертии ҷолиб дар назар аст.

"Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2017, №181 минбаъд ҳамасола 20 март ҳамчун "Рӯзи фарҳанг" дар миқёси ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад",-омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки мақсади баргузории чорабиниҳои мазкур арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва ҷалби аҳолӣ ба корҳои ҷамъиятиву чорабиниҳои фарҳангӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала