"Навруз party": Аброр Назаров зодрӯзашро дар Маскав ҷашн мегирад

© Sputnik / Стас ЭтвешАброр Назаров, архивное фото
Аброр Назаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аброр Назаров дар Маскав ба муносибати зодрӯзаш "Навруз party" баргузор мекунад

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Парвиз Назаров, писари устоди ҳунар Далер Назаров, дар Маскав "Навруз party" баргузор мекунад.

"Навруз party" рӯзи якуми апрел дар тарабхонаи "Встреча" Максав баргузор мешавад.

"Ин шухӣ нест, танҳо як баҳои хубе барои дидор ва хушнудии мо, барои рақс суруд ва ғизоҳои болаззат. Ба "Навруз party" биёед. Ман ва дӯстонам шуморо интизор мешавем!", — навиштааст Аброр дар саҳифаи фейсбукии худ.

Дар ин базми Наврӯзӣ овозхони номдор Толибшо Саодатқадамов, Муборакшо Додалиев ва меҳмони вижа DJ SABZ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Аброр Назаров 31 марти соли 1984 ба дунё омадааст. Ӯ дар Душанбе ба воя расида, дар Маскав зиндагӣ ва кор мекунад. Аброр то кунун дар гурӯҳҳои "Сарез", "Зафар Банд" ва ҳамчунин ҳамроҳи падараш гитор навохтаву  билохира тасмим гирифт, ки ба овозхонӣ гузарад.

То кунун Аброр Назаров чандин таронаи худро сабт ва пешкаши мухлисон кардааст.

Ду сол мешавад, ки Аброр Назаров дар Маскав зиндагӣ ва кору фаъолият дорад. Ӯ шогирдони зиёде дораду онҳоро навохтан меомӯзад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала