Исфандиёр Назар узви Иттиҳодияи эҷодкорони Уросиё шуд

© © из личного архива Исфандиёра НазараИсфандиер Назар, архивное фото
Исфандиер Назар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоир, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик Исфандиёр Назар ба узвияти Иттиҳодияи эҷодкорони Уросиё, ки дар Ландан қароргоҳ дорад, пазируфта шуд

ДУШАНБЕ, 21 марти — Sputnik. Исфандиёр Назар муаллифи таълифоти зиёди адабиву таҳқиқист ва то кунун маҷмуъаҳои шеърии "Руҷуъи Исфандиёр" (1994), "Маро супору бирав" (1997), "Як соқа ребос" (1999), "Ёдгори хуну хокистар" (1999), "Аз маъбари тӯфон" (2000), "Ҳамхуни Деваштич" (2009), "Дар кӯчаҳои шаб" (2016) ва маҷмуъаҳои насрии "Тӯмори хунин" (2009), "Нахл дар мурдоб" (2009), "Пули ҳаром" (2009) аз ӯ мунташир шудаанд.

Исфандиёр дар таҳқиқи фарҳанги мардум низ корҳои зиёде анҷом дода, аз ҷумла китобҳои зеринро навиштаву ба чоп расонидааст: "Дарғи шариф – торихи мухтасар" (2009), "Наврӯзи Дарғ" (2009), "Ба лаҳҷаи дарғӣ" (2009), "Ду ҷашни бузурги миллӣ: Наврӯз ва Меҳргон" (2008).

Исфандиёри Назар “Шоири сол” эълон шуд

Ҳамчунин бо кӯшиши ӯ девони комили ашъори Симини Беҳбаҳонӣ зери унвони "Як доман гул", матни интиқодии девони Шоҳи Сабзворӣ, маҷмуъаи ғазалиёти Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, маҷмуъаи ашъори Насимӣ ва тазкираи ашъоре, ки Аҳмад Зоҳир онҳоро сурудааст, ба чоп расидаанд. Вай ҳамчунин силсилаи мақолаҳои таҳқиқиро аз рустоҳои кишвар мунташир кардааст.

Муҳимтарин кори Исфандиёр "Фоҷиъаи миллати тоҷик бар асоси асноди рӯзномаи "Овози тоҷик" аст, ки дар бештар аз 500 шумораи рӯзномаи "Имрӯзнюс" чоп шудааст.

Абёти бозмондаи устод Рӯдакиро омӯхтаву бар асоси онҳо беш аз шаст мақолаи таҳқиқиро ба чоп расонидааст, ки дар китобе зери унвони "Чашмаи хуршед" барои чоп омода шудаанд.

Узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон аст. Моҳи апрели соли 2016 ба Олмон рафт ва онҷо мондагор шуд. Исфандиёр Назар даҳумин адиби тоҷик аст, ки ба узвияти ин иттиҳодияи бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0