Нахустин паёми Наврӯзии Владимир Путин

Раисҷумҳур Путин ҷашни Наврӯзро "бахше ҷудоинопазир аз мероси фарҳангӣ ва маънавии бисёре аз мардумони Русия" хонд

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин нахустин бор дар паёме фаро расидани ҷашни Наврӯзро ба мардуми Русия табрик гуфт.

Раҳбари Русия дар ин паём, ки матни онро дафтари иттилоърасонии раёсатҷумҳурӣ мунташир кардааст, ҷашни Наврӯзро "бахше ҷудоинопазир аз мероси фарҳангӣ ва маънавии бисёре аз мардумони Русия" хондааст.

"Ҷои басе хушҳолӣ аст, ки ойинҳои бостонии Наврӯз дилсӯзона аз насле ба насле дода мешавад ва имрӯз ҳам, чун садҳо сол пеш аз ин, дар шаҳру рустоҳо ҷашну маросим барпо мекунанд, устоҳо бо ифтихор дастсохтаҳояшонро ба намоиш мегузорад ва дар ҳар хонае хӯрокҳои миллӣ омода мешаванду аз меҳмонҳо бо онҳо пазироӣ мешавад. Мусалламан, дар ин рӯзҳо аз гузаштагон ҳам ёд мекунанд ва ба ниёзмандон ёрӣ мерасонанд", — гуфтааст Путин дар паём.

Ин нахустин бор аст, ки раҳбари Русия Наврӯзро ба мардуми кишвар табрик мегӯяд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала