Дандонҳои динозаврро шикастанд: "Дунёи афсона" пас аз "ҳуҷуми" меҳмонон баста шуд

© © SputnikПарк Дунёи афсона после открытия, архивное фото
Парк Дунёи афсона после открытия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Боғи "Дунёи афсона" ба наздикӣ ба истифода дода шуда буд. Имрӯз хоҳишмандони тамошои боғ чунон зиёд буд, ки посбонону милисаҳо пеши роҳи онҳоро гирифта натавонистанд. Ҳамагӣ пас аз чанд соати кушода шудани боғ, дандонҳои диназаврҳои ҳаракаткунанда шикастанд, думҳои баъзе аз онҳо бо сабабҳои номаълум канда шуданд

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Дар Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯз боғи нави фарҳангиву фароғатии "Дунёи афсона" дарашро барои кӯдакони хурдакак боз кард.

Аммо имрӯз анбӯҳи меҳмонон ва кӯдакон чунон зиёд буд, ки аллакай пас аз нисфирӯзӣ баъди чанд соати ифтитоҳ қисми зиёди арғунчакҳои боғ ва қаҳрамонҳои афсонавӣ аз кор баромаданд.

Боғи Душанбе бе аттраксион монд

"Мо корро соати 10-и рӯз сар кардем. То ин вақт дар назди дар чунон меҳмонони зиёд  ҷамъ шуданд, ки  ба чашми худ боварӣ надоштем. Аллакай баъди як соати кори боғ диназаврҳое, ки роҳ мегаштанд ва овоз мебароварданд, бедандон монданд. Думи баъзе аз онҳо бо сабабҳои номаълум афтида буд", мегӯяд сари худро гирифта посбони боғ.

Новая площадка для детей Мир сказки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Аввалин "Дисней" дар Душанбе ё "Дунёи афсонаҳо" барои кӯдакони тоҷик (НАВОР)

 Ба гуфтаи вай, бо анбӯҳи одамонро 15 посбони боғ нигоҳ дошта натавонистанд.  Бино бар ин, фаврӣ барои кӯмак 15 корманди милиса даъват карда шуд. Аммо ин кормандон ҳам натавонистанд бо анбӯҳи одамон истодагарӣ кунанд ва пас аз чанд дақиқа онҳо "таслим" шуданд ва канор рафтанд.

Соатҳои 16:00 кормандони боғ маҷбур шуданд, ки дарҳои боғро баста, ба меҳмонон роҳ надидҳанд. Ин амали онҳо боиси ғазаби бисёре аз меҳмонон гардид.

Акнун аз волидон ва кӯдакон хоҳиш карда мешуд, ки дар иртибот бо танаффуси ғайринақшавӣ интизор шаванд. Дар ин муддат гурӯҳи устоҳо кӯшиш карданд, ки боғи торуморшударо ба тартиб биёранд.

"Ман намефаҳмам, барои чӣ онҳо ба ғазаб омадаанд. Зеро маҳз бо сабаби тахрибкории кӯдаконашон мо имрӯз бори дуввум аст, ки усто чеғ мезанем ва кӯшиши пайваст кардани бозиҳои шикастаро мекунем. Ҳоло ҳам чӣ хеле ки шумо мебинед, навбати зиёде ба вуҷуд омадааст, аммо мо онҳоро роҳ дода наметавонем, зеро устоҳо кӯшиш доранд, ки ҷузъҳои кандашкудаи бозиҳоро пайваст кунанд", — шикояткунон ба ҷониби диназаврҳои бедандон нишон медиҳад посбон.

"Олами афсонаҳо" дар Душанбе хело машҳур шуд

Дар ин ҳол "мубориза"-и байни меҳмонон ва посбонон дар боғ идома меёфт. Кормандони боғ аз хонумон ва ҷанобон хоҳиш мекунанд, ки тартиботро риоя кунанд, меҳмонон бошанд, ҳама гуна кӯшиши ворид шудан ба боғро идома медоданд.

Афзун ба аттраксионҳои шикаста дар ҳудуди боғ партови зиёд ҷамъ омад. Ҳамин тавр пас аз чанд соати кушода шудани боғ, "Дунёи афсонаҳо" қариб, ки зери пакетҳои пур аз бутилкаву табақчаҳои пластикӣ буд.

© © SputnikПарк Дунёи афсона после открытия, архивное фото
Парк Дунёи афсона после открытия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
1/2
Парк Дунёи афсона после открытия, архивное фото
© © SputnikПарк Дунёи афсона после открытия, архивное фото
Парк Дунёи афсона после открытия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
2/2
Парк Дунёи афсона после открытия, архивное фото
1/2
Парк Дунёи афсона после открытия, архивное фото
2/2
Парк Дунёи афсона после открытия, архивное фото

 

"Ба фикри ман онҳо беҳуда эълон карданд, ки ба муносибати Наврӯз аттраксионҳо се рӯз ройгон аст. Гумон меравад, ки ин бетартибӣ пас аз шунидани ҳамин хабар ба миён омад.  Ростӣ ман умед надоштам, ки ба ин гуна даҳшат рӯ ба рӯ мешавам- ин қадар одам ва ин қадар партов. На танҳо табъи идонаамон барбод рафт, балки аз ин манзара ҷашни Наврӯзро ҳам фаромӯш кардем. Дилам барои онҳое месӯзад, ки барои муҳайё кардани ин зебоӣ меҳнат карда буданд. Мутаасифона, на ҳама метавонанд онро қадр кунанд ва ҳифз кунанд",- мегӯяд зане, ки  бо ду кӯдакаш ба тамошои боғ омода буд.

Боғи истироҳатӣ дар Душанбе рӯзи севум аст, ки кор мекунад

Боғи истироҳативу фарҳангии "Дунёи афсона" пеш аз ҷашни Наврӯз рӯзи 19 март расман ифтитоҳ ёфта буд. Дар ифтитоҳи он  шахсан раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ширкат доштанд.

Дунёи афсона" дар ҳудуди Муассисаи давлатии "Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ" сохта шудааст ва он дорои 11 намуд майдончаву таҷҳизоти дилхушӣ мебошад. Дастгоҳҳо асосан барои кӯдакони синни то 12 сола пешбинӣ шудааст.

Дар як тарафи маҷмааи зикршуда пайкараҳои азимҷуссаи динозаврҳо гузошта шудааст, ки онҳо бо қувваи барқ ҳаракат карда, садо мебароранд. Сохтани ҳайкалҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ дар ҳудуди маҷмаа олами афсонаи кӯдаконро боз ҳам рангин мекунад.

Дар як гӯшаи иншооти фароғатии кӯдаконаи "Дунёи афсона" барои ҷавонону наврасон ду майдончаи варзишии намудҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд, теннис ва таҷҳизоти алоҳида барои тамрини бадан бунёд карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0